Намоиши ҷадидтарин мушаки баллистики Эрон дар роҳпаймоии Рӯзи Ҷаҳонии Қудс
Апрел 29, 2022 18:48 Asia/Dushanbe
Ҷадидтарин мушаки баллистики Эрон бо номи «Хайбаршикан» дар роҳпаймоии Рӯзи Қудс намоиш дода шуд.
Имрӯз – ҷумъаи 29 апрели соли 2022 (9 урдибиҳишти 1401 ҳиҷрии шамсӣ), баробар бо 27 Рамазони соли 1443 ҳиҷрии қамарӣ Рӯзи Ҷаҳонии Қудс аст.
Охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ба ибтикори имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон Рӯзи Ҷаҳонии Қудс номгузорӣ шудааст то мусулмонони саросари ҷаҳон безориву нафрати худро аз сиёсатҳои нажодпарастонаи режими саҳюнистӣ эълом кунанд.
Ҷадидтарин мушаки баллистики Эрон бо номи «Хайбаршикан» дар роҳпаймоии Рӯзи Қудс намоиш дода шуд.
Ин мушак бо бурди 1450 километр дурбурдтарин мушаки баллистикии тактикии ҷаҳон аст.
Барчасп