Артиши Эрон дорандаи бузургтарин тупхонаи ғарби Осиё
(last modified Sun, 01 May 2022 14:14:15 GMT )
Май 01, 2022 19:14 Asia/Dushanbe
  • Артиши Эрон дорандаи бузургтарин тупхонаи ғарби Осиё
    Артиши Эрон дорандаи бузургтарин тупхонаи ғарби Осиё

Муъовини иҷроии нерӯҳои заминии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бузургтарин тупхонаи ғарби Осиё бо анвоъи қутрро дар ихтиёр дорад ва ин ҳақиқате аст, ки дуст ва душман низ ба он эътироф карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА,  генерал Киюмарси Шарафӣ, муъовини иҷроӣ нерӯи заминии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи якшанбе бо ишора ба пешрафтҳои панҷсоли ахири нерӯҳои заминии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд: Бо вуҷуди таҳримҳо чархболҳои ҳавонирӯзи артиш дар шабу рӯз имкони парвоз доранд ва бурди мушакҳояшон иртиқо ёфт, ки ҳамаи инҳо бо баракати инқилоби исломӣ аст.

Муъовини иҷроӣ нерӯҳои заминии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки имрӯз ягони мушакии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ягони нуқтазан аст таъкид кард: Дунёи шарқ ва ғарб гумон намекарданд, ки талияъе ба номи инқилоби исломӣ шакл гирад ва меъёрҳои онҳо дар идораи ҷаҳонро бар ҳам резад ва дину дунёро дар канори ҳам қарор диҳад ва дар воқеъ инқилоби исломӣ асри ҷадидро дар дунё оғоз кард ва имрӯз низ ба суръат дар пешрафт аст.

Генерал Шарафӣ хотирнишон кард: Субот ва амнияти имрӯзи ҷомеъаи исломӣ аз дастовардҳои инқилоби исломӣ аст, ки ба баракати талоши размандагони дирӯз ва имрӯз муҳаққақ шуда аст.