Иқомаи намози иди саиди Фитр дар Эрон
(last modified Tue, 03 May 2022 05:20:15 GMT )
Май 03, 2022 10:20 Asia/Dushanbe
  • Иқомаи намози иди саиди Фитр дар Эрон

Намози иди саиди Фитр ба имомати ҳуҷҷатулислом валмуслимин Козими Сиддиқӣ, хатиби муваққати намози ҷумъаи Теҳрон, бо ҳузури густардаи мардум дар Донишгоҳи Теҳрон иқома шуд.

Намози иди саиди Фитр дар Ҳарами мутаҳҳари Разавӣ ва шаҳрҳои мухталифи Эрон иқома шуд.

Намози иди Фитр ҳамчунин дар беш аз 1300 зиёратгоҳи мутабаррика, дар саросари Эрон низ баргузор шуд.

Намози иди саиди Фитри имсол ба имомати ҳуҷҷатулислом валмуслимин Козими Сиддиқӣ пас аз ду сол вақфа ба далели густариши вируси корона дар Донишгоҳи Теҳрон баргузор шуд.

Соли гузашта намози иди Фитр ба далели густариши вируси корона ба сурати маҳдуд баргузор шуда буд.

Илова бар иқомаи намози иди Фитр дар Донишгоҳи Теҳрон, ин маросими маънавӣ дар беш аз ҳазор масҷиди устони Теҳрон ва ағлаб дар фазои боз бо риояти дастуруламалҳои беҳдоштӣ баргузор шуд.

Дар бархе кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Арабистон, Туркия, Миср, Қатар, Кувайт ва Фаластин дирӯз (душанбе) ва дар бархе дигар аз кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии исломии Эрон, Покистон ва Ироқ имрӯз - сешанбе иди саиди Фитр аст.