Таъкиди Раисӣ бар суръатбахшидан дар раванди густариши равобити Эрон ва Туркманистон
(last modified Tue, 03 May 2022 14:52:55 GMT )
Май 03, 2022 19:52 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Раисӣ бар суръатбахшидан дар раванди густариши равобити Эрон ва Туркманистон
    Таъкиди Раисӣ бар суръатбахшидан дар раванди густариши равобити Эрон ва Туркманистон

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бар суръатбахшидан дар раванди густариши равобити Эрон ва Туркманистон таъкид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи сешанбе дар гуфтугӯи телефонӣ бо Сардор Бердимуҳаммад, раиси Ҷумҳурии Туркманистон бо табрики иди саиди Фитр ба вай ва мардуми кишвараш гуфт: Бо тадобири раёсати ҷумҳурии қаблии Туркманистон таъомулоти Теҳрон ва Ашқобод дар арсаҳои мухталиф аз ҷумла ҳамкориҳои газӣ, транзитӣ ва роҳи оҳан пешрафти хуб дошт ва яқин дорам дар давраи пеши ру низ ин раванд бо мудирияти ҷаноби оли суръатбахшида хоҳад шуд.

Сардор Бердимуҳаммад низ дар ин гуфтугуи телефонӣ зимни табрики иди саиди Фитр ба раиси ҷумҳур ва мардуми Эрон бо ишора ба фаро расидани сиюмин соли барқарории равобити миёни ду кишвар гуфт: Туркманистон алоқаманд аст бо таваҷуҳ ба зарфиятҳои гуногун ва мутаъадиди мавҷуд тамои талоши худро барои суръатбахшидан дар раванди иртиқои сатҳи таъомулоти дуҷониба ба кори бигирад ва қатъан фаъол будани камисиони муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ кумаки зиёд ба таҳаққуқи ин ҳадаф хоҳад кард.