Кумкҳои башардустонаи Эрон ба мардуми Афғонистон
Кумакҳои башардустони Эрон барои мардуми ниёзманди Афғонистон вориди фурудгоҳи Кобул пойтахти ин кишвар шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, кумакҳои башардустони Эрон барои мардуми ниёзманди Афғонистон шомили маводи ғизоӣ ва доруӣ рӯзи чоршанбе барои хонаводаҳои қурбониён ва захмиҳои ҳамалоти террористии ахир дар Кобул пойтахти Афғонистон ирсол шуда аст. Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора аз мардуми Афғонистон ҳимоят карда аст ва дар ҳафтаҳои ахир ҳам кумакҳои ғизоӣ ва доруиро барои хонаводаҳои қурбоёниёни ҳамалоти террористӣ дар Кобул ва дигар манотиқи Афғонистон ирсол карда аст, дар рӯзҳои ахир маконҳои пурҷамъият махсусан масҷидҳо ва мактабҳои шиъаён дар Кобул, Балх ва Қундуз ҳадафи ҳамалоти маргбор қарор гирифтанд, ки бар асари он даҳҳо намозгузор ва донишомӯз кушта ва маҷруҳ шуданд.