Муаррифии баргузидагони Ҷашнвораи байналмилалии Қуръонии Ризвон
(last modified Sat, 07 May 2022 08:24:23 GMT )
Май 07, 2022 13:24 Asia/Dushanbe
  • Муаррифии баргузидагони Ҷашнвораи байналмилалии Қуръонии Ризвон

Баргузидагони Ҷашнвораи байналмилалии "Қуръонии Ризвон",  муаррифӣ шуданд.

Аввалин давраи Ҷашнвораи байналмилалии Қуръонии Резвон, ба ҳиммати Остони Қудси Разавӣ баргузор шуд ва Алиасғари Шуъоӣ ба мақоми аввали ҷашнвора расид.

Аввалин давраи Ҷашнвораи байналмилалии Қуръонии Резвон ба ҳиммати Остони Қудси Разавӣ баргузор шуд.

Ҳасани Ҳодизода аз Эрон,  Сидиқаи Ҳасанӣ аз Афғонистон, Алиасғари Шуъоъӣ  аз Эрон, Аднон Қосим Мӯсои Ғолиб ал Солиҳӣ аз Ироқ, Салом Алӣ Наим аз Лубнон, Муҳаммад Осиф Сарварӣ аз Покистон, Алиризо Иброҳимӣ аз Афғонистон низ нафароти баргузидаи Ҷашнвораи байналмилалии Қуръонии Ризвон буданд .

Дар ин давра аз ҷашнвора 35 ҳазор фаъоли қуръонӣ ва 2 ҳазору  500 устоди Қуръон аз 54 кишвари ҷаҳон бо мавзӯи муаррифии муаллимони муваффақи Қуръон баргузор шуд ва дар он асотиде аз кишварҳои мухталиф, аз ҷумлаи Эрон, Ироқ, Сурия, Лубнон, Покистон ва Афғонистон қазоват карданд.

Дар ҷашнвораи Ризвон ва дар бахши таълими Қуръон, 9 нафарро ба унвони муаллими баргузидаи Қуръон ва як муассиса ба унвони муассисаи қуръонии бартар интихоб шуданд.

Муассисаи "Ҷомеъ ул Қуръони улӯми аҳли байт(а)" аз Афғонистон низ ба унвони муассисаи бартари ҷашнвора интихоб шуд.