Муъовини ҳамоҳангкунандаи артиш: Эрон ба фановарии сохти ҳавопаймо расида аст
Муъовини ҳамоҳангкунандаи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Эрон ба фановарии сохти ҳавопаймо расида аст.
Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ба сохти анвоъи ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва борбари ба номи Озарахш, Эрон 141 ва Кавсар пардохтанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, тарроҳи ва сохти Кавсар ҷангандаи насли чорум, паёми худкафоӣ комили Эрон ва расидани нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо фановарии сохти ҳавопайморо ба ҷаҳон хабар дода аст.
Адмерал Ҳабибуллоҳ Саёрӣ, муъовини ҳамоҳангкунандаи артиш дар маросими ифтитоҳияи ҳаштумин давраи разми муқадимотии нухбагони вазифаи кишвари гуфт: Дар ҳавзаи ҳавоӣ ба ҷойгоҳи расидем, ки ҳавопаймоҳоии ҷадидеро бо такя ба саноатгаронӣ артиш, нерӯҳои мусаллаҳ ва донишгоҳҳои кишвар месозем.
Муъовини ҳамоҳангкунандаи артиш ҳамчунин бо ишора ба дастовардҳои низомии Эрон дар ҳавзаи дарёӣ гуфт: Имрӯз аз андак кишварҳое ҳастем, ки тавони сохти киштии мушакандоз ва киштии ҷангиро дорем ва иддао мекунем, ки тавоноӣ сохти пешрафтатарин таҷҳизоти дарёиро дорем.