Эрон-бистумин иқтисоди бузурги дунё бо вуҷуди таҳримҳо
(last modified Sun, 08 May 2022 07:46:47 GMT )
Май 08, 2022 12:46 Asia/Dushanbe
  • Эрон-бистумин иқтисоди бузурги дунё бо вуҷуди таҳримҳо

Бар асоси омори Сандӯқи байналмиллалии пул Эрон бо вуҷуди таҳримҳо бистумини иқтисоди бузурги дунё аст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сандӯқи байналмиллалии пул  бо интишори омори тавлиди нохолиси дохилии 193 кишвари ҷаҳон бар асоси шохиси қудрати харид дар соли 2021 аз рутбаи 20 Эрон дар миёни бузургтарин иқтисодҳои ҷаҳон бо вуҷуди таҳримҳо хабар дод .
Бар асоси бароварди ин ниҳоди байналмиллалӣ арзиши тавлиди нохолиси дохилии Эрон бар асоси шохиси қудрати харид дар соли 2021 болиғ бар 1436 миллиард доллар будааст, ки бад-ин тартиб Эрон дар радабандии ҷаҳонӣ аз ин назар дар ҷойгоҳи 20 қарор гирифтааст .
Иқтисоди Эрон бо вуҷуди ин ки чанд соли гузашта таҳти шадидтарин таҳримҳо қарор доштааст аз 173 кишвари ҷаҳон дар соли 2021 бузургтар будааст .
Австралия бо тавлиди нохолиси дохилии 1450 миллиард долларӣ як пила болотар аз Эрон ва дар рутбаи 19 қарор гирифтааст .
Полша низ бо тавлиди нохолиси дохилии 1429 миллиард долларӣ як пила поинтар аз Эрон дар рутбаи 21 қарор гирифтааст .