Эрон-бистумин иқтисоди бузурги дунё бо вуҷуди таҳримҳо
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i85396-Эрон_бистумин_иқтисоди_бузурги_дунё_бо_вуҷуди_таҳримҳо
Бар асоси омори Сандӯқи байналмиллалии пул Эрон бо вуҷуди таҳримҳо бистумини иқтисоди бузурги дунё аст .
(last modified 2026-05-23T15:56:08+00:00 )
Май 08, 2022 08:16 Asia/Dushanbe
  • Эрон-бистумин иқтисоди бузурги дунё бо вуҷуди таҳримҳо

Бар асоси омори Сандӯқи байналмиллалии пул Эрон бо вуҷуди таҳримҳо бистумини иқтисоди бузурги дунё аст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сандӯқи байналмиллалии пул  бо интишори омори тавлиди нохолиси дохилии 193 кишвари ҷаҳон бар асоси шохиси қудрати харид дар соли 2021 аз рутбаи 20-и Эрон дар миёни бузургтарин иқтисодҳои ҷаҳон бо вуҷуди таҳримҳо хабар дод .
Бар асоси бароварди ин ниҳоди байналмиллалӣ арзиши тавлиди нохолиси дохилии Эрон бар асоси шохиси қудрати харид дар соли 2021 болиғ бар 1436 миллиард доллар будааст, ки бад-ин тартиб Эрон дар радабандии ҷаҳонӣ аз ин назар дар ҷойгоҳи 20 қарор гирифтааст .
Иқтисоди Эрон бо вуҷуди ин ки чанд соли гузашта таҳти шадидтарин таҳримҳо қарор доштааст аз 173 кишвари ҷаҳон дар соли 2021 бузургтар будааст .
Австралия бо тавлиди нохолиси дохилии 1450 миллиард долларӣ як пила болотар аз Эрон ва дар рутбаи 19 қарор гирифтааст .
Полша низ бо тавлиди нохолиси дохилии 1429 миллиард долларӣ як пила поинтар аз Эрон дар рутбаи 21 қарор гирифтааст .