Эрон бо роҳбурди дарёмеҳвар аз таҳримҳо убур мекунад
Дастёр ва мушовири олии фармондеҳии кулли қувои Эрон бо баёни ин ки ҳамаи қудратҳои ҷаҳон ба мавқеияти стратегии халиҷи Форс чашм дӯхтаанд, гуфт: Эрон бо роҳбурди дарёмеҳвар аз сахттарин таҳримҳо убур мекунад.
Сарлашкар Сайид Яҳё Сафавӣ, дастёр ва мушовири олии фармондеҳии кулли қувои Эрон дар ҳошияи боздид аз бахшҳои мухталифи бандари шаҳид Раҷоӣ (ҷануби Эрон) дар хусуси роҳбурдҳои тавсеаи дарёмеҳвар ва нақши он дар сиёсати иқтисодии миллӣ ва минтақаӣ гуфт: Бо тавваҷуҳ ба мавқеияти стратегии халиҷи Форс, тангаи Ҳурмуз ва дарёи Уммон барои табодулоти тиҷорӣ, иттихози роҳбурди дарёмеҳвар нақше таъйинкунанда дар раванди содирот, транзит ва иқтисоди ин минтақа дорад.
Дастёр ва мушовири олии фармондеҳии кулли қувои Эрон бо ишора ба эъмоли сахттарин таҳримҳо зидди Ҷумҳурии исломии Эрон, ба вижа дар ҳавзаҳои дарёӣ гуфт: Бо тавваҷуҳ ба мавқеияти стратегии халиҷи Форс, тангаи Ҳурмуз ва дарёи Уммон ба унвони гузаргоҳи дарёии Савқулҷайши, иттихози роҳбурди дарёмеҳвар нақше таъйинкунанда дар сипеҳри иқтисодии минтақа ифо хоҳад кард ва таъсироти босазо дар раванди содироту транзит дар пай хоҳад дошт.