Эрон мухолифи сиёсатҳои тавсеаталабонаи НАТО аст
(last modified Mon, 09 May 2022 05:57:57 GMT )
Май 09, 2022 10:57 Asia/Dushanbe
  • Эрон мухолифи сиёсатҳои тавсеаталабонаи НАТО аст

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар дидори Збигнев Рау, вазири хориҷаи Полша дар Теҳрон, бар мухолифати қотеи Эрон бо сиёсатҳои тавсеаталабонаи Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) таъкид кард.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ, Сайид Иброҳими Раисӣ дар ин дидор бо ишора ба даргириҳо дар Украина изҳор дошт: Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамон гуна, ки бо даргирӣ ва ҷанг мухолиф аст, мухолифати қотеи худро бо сиёсатҳои тавсеаталабонаи НАТО низ эълом мекунад.

Раисӣ дар ин дидор ба тавонмандиҳои саноативу тиҷории 2 кишвар ҳам ишора кард ва изҳор дошт, Теҳрон ва Варшава аз зарфиятҳои мухталифе барои густариши равобит дар ҳамаи заминаҳо бархӯрдоранд.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон сатҳи феълии равобити иқтисодиву тиҷорӣ миёни Теҳрон ва Варшаваро мутаносиб бо равобити сиёсии ду кишвар надонисту афзуд, зарфиятҳои мухталифе, аз ҷумла дар заминаҳои санъатӣ ва иқтисодӣ дар ду кишвар вуҷуд дорад, ки бояд бо талоши муштарак ин зарфиятҳоро дар ростои густариши таомулоти фимобайн ба феълият бирасонем.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба қадрдонии лаҳистониҳо аз ҳимояти эрониён аз паноҳҷӯёни он кишвар дар ҷараёни Ҷанги ҷаҳонӣ дувум гуфт: Пешинаи таърихиву тамаддуни ғании Эрон ва Полша (Лаҳистон) метавонад бистари муносибе барои тақвияти таомулоти илмиву фарҳангии ду кишвар бошад.

Вазири хориҷаи Полша низ дар ин дидор бо баёни ин ки собиқаи равобит байни Эрон ва Лаҳистон (Полша) ба қарни шонздаҳуми мелодӣ боз мегардад, изҳор дошт: Ду кишвар қариб ба 5 қарн аст, ки бо якдигар равобити дӯстона доранд ва яке аз ба ёдмонданитарин фарозҳои равобити ду кишвар меҳмоннавозии эрониён аз паноҳндагони лаҳистонӣ дар ҷараёни Ҷанги ҷаҳонии дувум аст.

Збигнев Рау, вазири хориҷаи Полша шанбешаб дар садри ҳайате барои дидору гуфтугӯ бо мақомоти Ҷумҳурии исломии Эрон вориди Теҳрон шуд.