Май 09, 2022 16:34 Asia/Dushanbe
  • Хатибзода: Эрон ба таври муратаб бо ҳайати Толибон дар тамос аст
    Хатибзода: Эрон ба таври муратаб бо ҳайати Толибон дар тамос аст

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо баёни ин ки Теҳрон ба таври муратаб бо ҳайати Толибон дар тамос аст гуфт, асосан ҳайати Толибон ба Теҳрон рафту омад доранд ва масоили мухталиф барраси мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саиди Хатибзода дар нишасти хабарии ҳафтагии худ гуфт, тасмими мушахас дар мавриди нишасти ояндаи мақомоти эронӣ бо Толибон вуҷуд надорад ҳарчанд, ки пеш аз ин ҳайатҳо дархостҳоӣ аз Эрон доштанд.

Ахиран гуфта шуда аст, ки як ҳайати афғон қасд дорад ба Теҳрон сафар кунад ва бо мақомоти эронӣ дар мавриди паноҳҷуёни афғон гуфтгӯ кунад.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ба таҳарукоти ахир дар Афғонистон низ ишора кард ва як бори дигар гуфт, ҳукумати феъли мутаволии эҷоди сулҳу субот барои шаҳрвандон аст.

 

Барчасп