Май 11, 2022 09:23 Asia/Dushanbe
  • Муовини вазири умури хориҷа: Раванди эътои тобеияти Эрон осон мешавад

Муовини консулии эрониён ва умури маҷлиси Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, раванди эътои тобеият бар асоси фаъолиятҳои иқтисодӣ осон мешавад.

Алиризо Бегдилӣ, муовини консулии эрониён ва умури маҷлиси Вазорати умури хориҷаи Эрон осонсозӣ дар раванди эътои тобеият бар асоси фаъолиятҳои иқтисодии муваффақ дар Эронро аз осори ин ҳамгироӣ донист ва афзуд: Шиносоӣ ва сомондеҳии шаҳрвандони хориҷӣ аз сӯи Вазорати кишвар дар ҳоли анҷом аст ва дар қолаби ин тарҳ талош барои шиносоии нухбагон ва истифода аз зарфиятҳо ва истеъдодҳои онҳо низ беҳбуд меёбад.

Бегдилӣ таъкид кард, дар ҳоли ҳозир намояндагиҳои Ҷумҳурии исломии Эрон дар кишварҳои хориҷӣ мулзам ба равонсозии ироаи хадамот ба ин атбоъ, ба вижа дар ҳавзаи ҳамсоягӣ ҳастанд ва бар асоси гуфтумони сиёсати ҳамсоягии давлати Ҷумҳурии исломии Эрон, талош барои таомули ҳамаҷониба бо ҳамсоягон дар дастури кори Вазорати умури хориҷа аст.

Ба гуфтаи муовини вазири умури хориҷаи Эрон, судури раводиди тиҷорӣ ва раводиди сармоягузорӣ, ироаи тасҳилоти муҷаввизи иқомат, эътои тобеият ва ҳимояти ҳамаҷониба аз сармоягузориву корофаринӣ дар дастури кори ин вазорат қарор дорад ва пешбинӣ мешавад, ҳузуру фаъолияти нухбагони Афғонистон мавриди ҳимояти бештари давлат қарор мегирад.