Май 11, 2022 14:48 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Эрон ба фазосозии расонаӣ дар бораи дипломати эронӣ

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ба фазосозии расонаӣ пас аз судури ҳукми додгоҳи таҷдиди назари се фарде, ки тибқи иддаоҳои бепояву асос гуфта шуда бо Асадуллоҳи Асадӣ, дипломати Ҷумҳурии исломии Эрон, ки ғайриқонунӣ дар Белгия зиндонӣ аст, муртабит будаанд, вокуниш нишон дод.

Ба гузориши Идораи кулли иттилоърасонӣ ва умури сухангӯии Вазорати умури хориҷа, Саид Хатибзода гуфт: Мутаассифона, бори дигар ва ба баҳонаи додгоҳи таҷдиди назари се фарди ёдшуда, дурӯғпардозиҳои муҳандисишудаи расонаҳои ғарбӣ дар бораи дипломати Ҷумҳурии исломии Эрон оғоз шудааст.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, ҳамон тавр, ки қаблан ҳам гуфта шудааст, тамоми мароҳили боздошт, додгоҳ ва судури ҳукми қазоӣ барои дипломати Эрон дар нақзи фоҳиши мафоди Конвенсияи Вена дар мавриди ҳуқуқи дипломатӣ сурат гирифтаву маротиби эътирози Ҷумҳурии исломии Эрон пеш аз ин ба таври расмӣ ба кишварҳои Австрия, Олмон ва Белгия эълом ва мукарраран бар радди иттиҳомоти ворида ва озодии фаврии эшон таъкид шудааст.

Хатибзода таъкид кард, ҳамзамон бо иқдомоти дипломатӣ, пайгирии ҳуқуқии мавзуъ ҳамчунон фаъолона идома дорад ва тарафҳои аврупоии дахил дар мавзуи дипломати Эрон ба посухгӯӣ фаро хонда шудаанд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, илова бар озодии фаврии дипломати Эрон, мавзуи ҷуброни хисорат, иодаи ҳайсият ва тааҳҳуд ба такрор нашудани чунин мавориде пайгирӣ хоҳад шуд.

 

Барчасп