Сипоҳи посдорон мавозеъи террористҳо дар иқлими шимоли Ироқро ҳадаф қарор дод
(last modified Wed, 11 May 2022 12:19:05 GMT )
Май 11, 2022 17:19 Asia/Dushanbe
  • Сипоҳи посдорон мавозеъи террористҳо дар иқлими шимоли Ироқро ҳадаф қарор дод
    Сипоҳи посдорон мавозеъи террористҳо дар иқлими шимоли Ироқро ҳадаф қарор дод

Сипои посдорони инқилоби исломӣ имрӯз чоршанбе бо ҳамалоти тупхонаи ва паҳподи мавозеъи гуруҳакҳои террористии мустақар дар иқлими шимоли Ироқро дар ҳам кубид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, қароргоҳи Ҳамзаи Сайидушуҳадо(а)-и нерӯи заминии Сипоҳи посдорон бо судури иттилоъия эълом кард, дар пайи шароратҳои ахири гуруҳакҳои террористии вобаста ба истикбори ҷаҳонӣ дар эъзоми тимҳои террористӣ барои нуфуз ва анҷоми амалиёҳои зидди амниятӣ ва харобкорона дар хоки Эрон бо иқдомоти иттилоъотӣ ва амалиётии дақиқ, як тими мусаллаҳи террористӣ дар тури иттилоъоти размандагони қароргоҳи Ҳамзаи Сайидушуҳадои нерӯи заминии Сипоҳ қарор гирифт ва тамоми аъзои ин тими террористии 5 нафара дар шаҳристони Бонаи Эрон дастгир шуданд.

Бино бар ин иттилоъия  дар пайи эътирофоти аъзои ин тими террористӣ ба аҳдоф ва ниятҳои харобкорона ва шуми худ зидди эронӣ исломӣ имрӯз чоршанбе пойгоҳҳо ва мақарҳои террористҳои мустақар дар иқлими шимоли Ироқ ҳадафи ҳамалоти размандагони қароргоҳи Ҳамзаи Сайидушуҳадои нерӯи заминии Сипоҳ қарор гирифт ва аз байн бурда шуд.

13 март низ 2 пойгоҳи ҷосусии  Созмони иттилоъот ва амалиёти вижаи Массади режими саҳюнистӣ дар Арбили Ироқ ҳадафи мушакҳои ниқутазани Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ қарор гирифт.