Май 12, 2022 14:20 Asia/Dushanbe
  • Вай афзӯд: Ба варзишкоре монанди Ғуломризо Тахтӣ дар сафаҳоти таърихии кишварамон ифтихор мекунем
    Вай афзӯд: Ба варзишкоре монанди Ғуломризо Тахтӣ дар сафаҳоти таърихии кишварамон ифтихор мекунем

Раиси созмони Садо ва Симои Эрон бо таъкид бар инки бурду бохт дар мароми варзишкорони мо, ахлоқ ҷавонмардӣ ва ҳимоят аз мазлум маъно медиҳад, гуфт: Ҳузӯр наёфтани варзишкорони эронӣ дар баробари намояндагони режими кӯдаккуш ифтихор аст.

Ба гузориши Садои Хуросон, Паймон Ҷабалӣ дар маросими интихоби "Беҳтаринҳои сад соли варзиши Эрон2, бо ишора ба инки варзишкорон ва медаловарон аносир ва ҳуввияти моро шакл медиҳанд, изҳор дошт: Касоне, ки қулаҳои ифтихор, исор, сарбаландӣ ва ҷавонмардиро тай кардаанд, варзишкороне ҳастанд, ки дар даҳҳо сол таҷрӯбаи пурифтихори миллати мо, ифтихор офариданд ва барои онҳо майдони бурд ва бохт майдони арзишофарини ахлоқ ва ҷавонмардӣ будааст.

Вай афзӯд: Ба варзишкори монанди Ғуломризо Тахтӣ дар сафаҳоти таърихии кишварамон ифтихор мекунем, ки даҳҳо сол аз фавти ӯ мегузарад, касе, ки бохти ӯ дар арсаи майдон , бузӯгтарин бурд дар арсаи ахлоқ ва ҷавонмардӣ буд.

Ҷабалӣ бо таъкид бар инки бурду бохт дар мароми варзишкорони мо, ахлоқ, ҷавонмардӣ ва ҳимоят аз мазлум маъно медиҳад, хотирнишон кард: Ин ифтихорот саҳифаҳоти дурахшоне дар таърихи Эрон ҳастанд, ки вазифаи мо барҷаста кардан ва инъикоси ин бузӯргмардиҳо аст.

Маросими ихтитомияи ҷашнвораи "Беҳтаринҳои сад соли варзиши Эрон" чаҳоршанбе шаб бо ҳузӯри созмони Садо ва Симо, вазири варзиш ва ҷавонон, раиси кумитаи олимпик,  ва бузӯргон ва пешкисватони арсаи варзиши Эрон, дар солони ҳамоишии созмони Садо ва Симо баргузор шуд.

Бештар бихонед: