Таҳлил: Қадрдонии Созмони милал аз кумаки Эрон барои ҳалли буҳрони Яман
-
Руйкарди Эрон дар қиболи буҳрони Яман,ҳамвора ҳимоят аз роҳи ҳалли сиёсӣ барои поён бахшидан ба ҷанг будааст
Намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури Яман аз кумаки Эрон ба ин созмон барои ҳалли буҳрони Яман қадрдонӣ кард.
Дар идомаи ройзаниҳои байналмилалии Ҷумҳурии исломии Эрон дар заминаи ҳаллу фасли мусолиматомези бӯҳрони Яман, Алиасғар Хоҷӣ, мушовири аршади вазири умури хориҷаи Эрон дар умури сиёсӣ рӯзи чаҳоршанбе бо Hans Grundberg, намояндаи вижаи дабири кулли Созмони милал дар умури Яман баҳсу табодули назар кард.
Хоҷи зимни ҳимоят аз талошҳои намояндаи Созмони милал дар умури Яман дар барқарории оташбаси ду моҳа, онро фурсати бесобиқа барои тасбити оташбасу ҳаллу фасли сиёсии бӯҳрони Яман хонду афзуд: амал ба тааҳҳудот ба сурати комил, калиди аслии муваффақият дар ин заминааст ва шикаст дар ин марҳила боиси таъмиқи беэътимодӣ ва печидатар шудани бӯҳрони Яман дар оянда хоҳад шуд.
Ҳанс Грундберг, намояндаи вижаи дабири кулли Созмони милал дар умури Яман низ гуфт, дар бурҳаи кунӯнӣ тамаркузи вай бар рафъи мавонеъ ба манзури амал ба тааҳҳудоти мунтабиқ бар тавофуқи оташбаси ду моҳа тавассути тарафайн аст ва дар идомаи тамдиди оташбас ба унвони гоми баъдӣ матраҳ хоҳад буд.
Руйкарди мустамари Ҷумҳурии исломии Эрон дар қиболи бӯҳрони Яман, ҳамвора ҳимоят аз роҳи ҳалли сиёсӣ барои поён бахшидан ба ҷанг дар ин кишвар будааст ва интизор ин аст, ки барқарории оташбас битавонад заминае барои шуруи ибтикори сиёсӣ дар ҳалли бӯҳрони Яман шавад.
Давлати наҷоти миллии Яман ва Эътилофи саъудӣ ба пешниҳоди Созмони Милалли Муттаҳид бо барқарории оташбаси 2 моҳа аз дувуми апрел, мувофиқат кардаанд.
Арабистони Саудӣ 26 марти 2015 дар қолаби эътилофе аз чанд кишвари арабӣ, аз ҷумла Иморот ва бо кумаку чароғи сабзи Амрико, ҳамалоти густурдаеро алайҳи Яман оғоз кард то ба баҳонаи бозгардондани Мансур Ҳодӣ, раисиҷумҳури мустаъфӣ ва фирории ин кишвар ба қудрат, ба аҳдофу зиёдахоҳиҳои сиёсии худ ҷомаи амал бипушонад.
Яке аз муҳимтарин аҳдофи саудиҳо ва муттаҳидонашон дар ҳамла ба Яман, нобуд сохтани муқовимат дар ин кишвар буд, аммо акнун, ки ҷанг дар ин кишвар вориди ҳаштумин соли худ шудааст, яманиҳо ибтикори амалро ба даст гирифта ва эътилофи мутаҷовизи саудӣ ҳанӯз роҳе барои хуруҷ аз ин ботлоқ пайдо накардааст. Артишу кумитаҳои мардумии Яман ба муқовимат дар мутаҷовизон идома доданд ва ба тавоное барои тавлиди таслеҳоти пешрафта ҳамчун мушаки баллистику паҳпод даст ёфтанд ва ҳатто тавонистанд умқи хоки Арабистонро низ ҳадаф қарор диҳанд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, 12 апрел бо тамҷид аз шуҷоати мардуми мазлуми Яман, дар тавсияи дилсӯзона ва хайрхоҳона ба масъулони саъудӣ гуфтанд: чаро ба ҷанге, ки медонед эҳтимоли пирузӣ дар онро надоред идома медиҳед? роҳе пайдо кунед ва худро аз ин маърака хориҷ кунед.
Бадеҳист, ҷанге, ки Арабистон алайҳи Яман оғоз кард, ҳазинаҳои сангини низомӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ барои он кишвар ба ҳамроҳ дошт ва ин дар ҳоле аст, ки шароити майдонӣ ҷанг низ ба тадриҷ ба нафъи муқовимати Яман тағйир кардааст, акнун танҳо дастоварди мутаҷовизон ба Яман, куштору овора кардани миллиёнҳо инсони бегуноҳ дар сояи сукути муддаиёни ҳуқуқи башар аст.
Мақомоти саудӣ агар воқеан ба дунболи хуруҷ аз ин бӯҳрони худсохта бошанд бояд аз фурсате, ки оташбаси муваққат дар Яман фароҳам кардааст, истифода кунанд ва бо амал ба тааҳҳудоти худ дар тавофуқи оташбас, ба ҷангу муҳосираи Яман хотима диҳанд; бозгушоии фурудгоҳи Санъо ва вуруди киштиҳои сухт, аз ҷумлаи бандҳои муҳим дар тавофуқи оташбаси думоҳа аст, ки Арабистони Сауудӣ ҳануз ба таври комил онро иҷро накардааст. Ба ҳамин далел, Мушовири аршади вазири умури хориҷаи Эрон дар умури сиёсӣ дар гуфтугӯ бо намояндаи вижаи дабири кулли Созмони милал дар умури Яман таъкид кард, рафъи муҳосираи мардуми Яман, гоми муҳим дар коҳиши бӯҳрони инсонӣ аст ва таҳаққуқи он дар ростои тадовуми оташбасу ҳаллу фасли сиёсии бӯҳрони ин кишвар хоҳад буд.
Бештар бихонед: