Май 13, 2022 18:17 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Сафари Башор Асад ба Эрон роҳбурдӣ буд

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон сафари раиси ҷумҳурии Сурия ба Теҳронро роҳбурдӣ хонд.

Ба гузориши ИРНА, оятуллоҳ Сайид Аҳмади Хотамӣ, имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон дар хутбаҳои намози ибодӣ - сиёсии ҷумъаи ин ҳафтаи Теҳрон бо ишора ба сафари Башор Асад, раиси Ҷумҳурии Сурия ба Теҳрон ва дидори вай бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ин сафарро аз сафарҳои роҳбурдӣ унвон кард ва гуфт: Ин сафар боиси тақвияти ҷабҳаи муқовимат шуд ва Сурия дар хати муқаддами муқовимат дар мубориза бо режими саҳюнистӣ аст.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон ҳамчунин дар бораи дидори Шайх Ҳамд бин Оли Сонӣ, амири Қатар бо раҳбарӣ ва аҳамияти иқтисодии он гуфт, ин сафар гарчӣ аз ҳайси густариши ҳамкории иқтисодӣ аҳамият дорад, аммо муҳим дар ин дидор фармоишоти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ буд, ки саҳюнистҳо ҳарҷо по мегузоранд, фасод эҷод мекунанд ва ин дидор манёври зиддисаҳюнистӣ буд.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон ҳамчунин гуфт, кишварҳои ҳавзаи халиҷи Форс ба Эрони қудратманд эътимод кунанд, чун Эрон аст, ки ба доди онҳо мерасад.

Хотамӣ хотирнишон кард, Амрико, Британия ва режими саҳюнистии ҷаллод қобили иттико нестанд, балки Эрон қобили иттико аст.

 

Барчасп