Ноябр 26, 2016 17:06 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Суботи минтақа мабнои таомули Эрон ва Туркия бошад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, суботи минтақа ба вижа Ироқ ва Сурия бояд мабнои таомули Эрон ва Туркия бошад.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон рӯзи шанбе дар дидори Мевлют Човуш  Уғлӯ, вазири умури хориҷаи Туркия, дар Теҳрон таъкид кард, дар шароити ҳассоси кунунӣ, ҳамфикрӣ ва ҳамкории ду кишвар ба нафъи сулҳу суботи минтақа аст ва метавонад дар ҳалли масоил таъсиргузор бошад.

Рӯҳонӣ бо баён ин ки Эрон ва Туркия дар усули муҳимми минтақаӣ иттифоқи назар доранд афзуд, ҳифзи тамомияти арзӣ ва ваҳдати миллӣ дар Ироқ ва Сурия, шаклгирии ҳукумат дар ин кишварҳо бо демократия, раъй ва назари мардум, ҷилавгирӣ аз куштор ва тахриби зербиноҳо ва кумак ба оворагон барои бозгашт ба хонаҳои худ аз иқдомоте аст, ки бояд барои ҳалли буҳронҳо дар минтақа анҷом шавад.

Рӯҳонӣ бо ишораи кудатои нофарҷоми 15 июл дар Туркия, тасреҳ кард, мардуми ин кишвар дар он рӯз нишон доданд ба раъй худ ва демократия вафодор ҳастанд ва ин дар ҳоле аст, ки Ғарб дар мавзуъи демократия аз стандартҳои дугона истифода мекунад ва дар мақоми амал ба ончи, ки дар бораи демократия мегӯяд, вафодор нест.

Мевлют Човуш Уғлӯ низ дар ин дидор бо тасалияти шаҳодати зоирони эронӣ дар ҳамлаи террористии Ҳилла дар Ироқ гуфт, нақши Эрон дар ҳифз сулҳ ва мубориза бо терроризм дар минтақа созанда ва арзишманд аст.

Мевлют Човуш Уғлӯ бо баёни ин, ки ҳифзи тамомияти арзӣ ва иттиҳоди миллӣ дар Ироқ ва Сурия ба нафъм Эрон, Туркия ва суботи минтақа аст, афзуд, кишварҳои ғарбӣ дар масоили минтақа фақат ба думболи манофеи худ ҳастанд.

Вазири умури хориҷаи Туркия тасреҳ кард, имрӯз талош барои барқарории оташбас дар Сурия, барқарори ваҳдати миллӣ дар ин кишвар, ҳалли масоил аз тариқи сиёсӣ ва муборизаи ҳамагонӣ ва муштарак бо гурӯҳҳои террористӣ зарурӣ аст.

Мевлют Човуш Уғлӯ, вазири умури хориҷаи Туркия, субҳи рӯзи шанбе барои дидор ва гуфтугӯ бо масъулони Ҷумҳурии Исломии Эрон вориди Теҳрон шуд.

 

Барчасп