Оғози ҳамоиши бузургдошти Фирдавсӣ ва посдошти забони форсӣ дар Машҳад
(last modified Sun, 15 May 2022 08:00:10 GMT )
Май 15, 2022 13:00 Asia/Dushanbe
  • Оғози ҳамоиши бузургдошти Фирдавсӣ ва посдошти забони форсӣ дар Машҳад

Ҳамоиши миллии бузургдошти ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ ва посдошти забони форсӣ бо ҳузури вазири улӯм, таҳқиқот ва фанноварии Эрон дар Машҳад оғоз шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дабири илмии ҳамоиши миллии бузургдошти Фирдавсӣ ва посдошти забони форсӣ дар ин ҳамоиш гуфт : Ба дунболи талошу иқдомоти анҷомшуда акнун шоҳиди баргузории ҳамоиши бузургдошти Фирдавсӣ бо ҳузури донишмандону устодони барҷастаи адабиёти форсии ҷаҳон ҳастем .
Доктор Ҷаъфари Ёҳаққӣ афзуд : Таи як ҳафтаи баргузории ҳамоиши мазбур мизигирдҳое дар хусӯси баррасии забони форсӣ ва осебшиносии он ва мутолиъоту таҳқиқот перомуни Шоҳномаи Фирдавсӣ барпо хоҳад шуд . Вай гуфт : Дар поёни ин ҳамоиш аз миёни мақолоти ироашуда 80 мақола, ки ба марҳалаи чоп расида, рӯнамоӣ ва ба баргузидагони осори адабӣ ва ҳунарӣ нишони Фирдавсӣ эҳдо мешавад.
Дар идомаи ин ҳамоиш доктор Муҳаммадкозими Козимӣ-устоди барҷастаи адабиёти ҷаҳонӣ перомуни таъомулоти форсии Эрону Афғонистон суханронӣ хоҳад кард .
Яъқубалии Назарӣ-устондори Хуросони разавӣ ва Муҳаммади Ҳусайнзодаудири кулли фарҳангу иршоди исломии устон аз дигар суханронони ин ҳамоиш ҳастанд. Ҳамоиши бузургдошти Фирдавсӣ ва посдошти забони форсӣ аз имрӯз ба муддати як ҳафта дар толори доктор Раҳимии донишкадаи улӯми донишгоҳи Фирдавсии Машҳад баргузор мешавад.