Имрӯз ; рӯзи ҷаҳонии бузургдошти Фирдавсӣ
Имрӯз 25 урдибиҳишт баробар бо 15 май рӯзи ҷаҳонии ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ-ҳамосасарову шоири бузурги порсигӯи эронӣ аст .
Табъу завқи шоирӣ ва шӯру дилбастагии Фирдавсӣ ба зинда кардани мафохири миллии Эронзамин боиси ба вуҷуд омадани шоҳкории бузург ба номи Шоҳнома шуд .
Шоҳномаи Фирдавсӣ, ки наздик ба панҷоҳ ҳазор байт дорад, маҷмӯъае аз достонҳои миллӣ ва таърихи бостонии подшоҳони қадим ва паҳлавонони бузурги Эрон аст, ки паҳлавониҳои онҳоро ҳамроҳ бо фатҳу зафару мардонагӣ ва шуҷоату диндорӣ тавсиф мекунад .
Фирдавсӣ бегумон бузургтарин шоири порсигӯй аст ва Шоҳномаи ӯ арзандатарин шоҳкори ҷовдонаи забон, андеша ва фарҳанги Эрон аст, ки бисёре аз пажӯҳишгарон онро бузургтарин ҳамосаи ҷаҳон хондаанд.
Ҳарсола дӯстдорони Фирдавсӣ дар анҷуманҳову маҳофили мухталифи адабӣ дар саросари ҷаҳон маросими гуногун ва пуршуморе барои бузургдошти ин шоири порсигӯ баргузор мекунанд.