Фасли ҷадиде дар муносиботи Эрон бо кишварҳои африқоӣ оғоз шудааст
Муовини аввали раиси ҷумҳӯри исломии Эрон аз оғози фасли ҷадиди ҳамкориҳои ҷумҳӯрии исломии Эрон бо кишварҳои африқоӣ аз ҷумла Ғано хабар дод.
Ба гузориши Садои Хуросон Муҳаммад Мухбир дар дидор бо Иброҳим Муҳаммади Аввал вазири фарҳангу ҳунар ва гардишгарии Ғано дар Теҳрон бо таъкид бар ангеза ва алоқамандии болои давлати ҷумҳӯрии исломии Эрон барои тақвияти равобит бо кишвари Ғано афзӯд: Ҳаҷми равобити иқтисодӣ байни дукишвар ҳамонади иртибототи густардаи сиёсӣ бояд афзоиш ёбад. Мухбир бо ишора ба хадамонт ва кумакҳои имдоди ва беҳдоштии ҷумҳӯрии исломии Эрон дар Ғано ба вижа фаъолиятҳои ҷаъмияти Ҳилоли Аҳмар дар ин кишвар таъкид кард: Эрон омодагӣ дорад бо таваҷҷӯҳ ба имконот ва зарфиятҳои кишвари Ғано дар заминаи киштии фаросарзаминӣ, тавсияи хадамоти фаннӣ муҳандисӣ ва сармоягузории бахши хусӯсӣ дар ин кишвар ҳузӯр ва фаъолияти густардатаре дошта бошад.
Муовини аввали раиси ҷумҳури исломии эрон ҳамчунин ба нақши кишвари Ғано дар пешбӯрди сулҳи ҷаҳонӣ ба вижа дар ҷунбиши ғайри муттаҳидҳо ишора карда таъкид кард.: Ҳузӯр ва фаъолияти кишвари Ғано аз нуқоти барҷастаи ҷунбиши ғайри муттаҳидҳо будааст.
Вазири фарҳанг ҳунар ва гардишгарии Ғано низ бо таъкид бар афзоиши ҳаҷми равобити иқтисоӣ ва тиҷорӣ бо ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Давлати Ғано омодагӣ дорад ҳадди аксари тавони худро барои тақвият ва густариши ҳамкориҳо бо ҷумҳӯрии исломии Эрон ба кор гирад.
Раиси камисиюни муштараки ҳамкориҳои Эрон ва Ғано афзӯд: Давлати Ғано аз ҳузӯр ва фаъолияти иқтисодӣ ва тиҷории ҷумҳӯрии исломии Эрон дар он кишвар ҳимоят мекунад ва тамоми заминаҳо барои густариши ҳамкориҳои байни дукишвар ба вижа сармоягузории ширкатҳои хусӯсии Эрон дар Ғано фароҳам аст.