Тавсеаи дипломатияи дифоӣ ва амниятии Эрон бо сафари сарлашкар Боқирӣ ба Тоҷикистон
Сухангӯи аршади Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон гуфт, сафарҳои сарлашкар Боқирӣ бо унвони дипломатияи дифоӣ ва амниятӣ ба дигар кишварҳо, аз ҷумла сафари ахир ба Тоҷикистон, дастоварҳои бисёр хубе дар сатҳи минтақаӣ ва байналмилалӣ барои кишвари мо ва кишварҳои мақсад дорад.
Сардор Абулфазли Шикорчӣ, сухангӯи аршади Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон дар бораи аҳдофу дастовардҳои сафари сарлашкар Боқирӣ, раиси ин ситоди кул ба Тоҷикистон изҳор дошт: Ин сафар хушбахтона дастовардҳои бисёр хубе дошт.
Сардор Шикорчӣ афзуд: Бо тавваҷуҳ ба ин ки яке аз аҳдофи Амрико тавсеаи терорризм дар минтақа, ба хусус дар кишварҳои перомунии мо ва Осиёи Марказӣ аст, барои мубориза бо терроризми минтақаӣ ва байналмилалӣ тавофуқ шуд.
Сухангӯи аршади Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон изҳор дошт, ҳамчунин гуфтугӯ дар бораи амнияти марзҳо дар дастури кори ин сафар буд ва қарор шуд дар размоиши муштарак бо Тоҷикистон барои омӯзиши неруҳои мусаллаҳи ду кишвар ва мубориза бо ҷурмҳои созмонёфта монанди қочоқи маводи мухаддир ҳамкорӣ шавад.
Сардор Шикорчӣ бо ишора ба ҳаммарз будани ду кишвар бо Афғонистон ва лузуми ҳамкориҳои минтақаӣ дар ин бора гуфт: Бо тавваҷуҳ ба муштаракоте, ки Эрон ва Тоҷикистон доранд, бояд ҳамкориҳои минтақаӣ густариш ёбад.
Сухангӯи аршади Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон изҳор дошт, барои густариши ҳамкориҳои амниятӣ ва дифоӣ ва бо тавваҷуҳ ба тавонмандиҳои Ҷумҳурии исломии Эрон дар тавлиди паҳпод, як корхонаи тавлиди паҳподҳои шиносоӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд, ки қарор аст ин навъ аз паҳподҳоро тавлид кунад.