Усмони Муҳаммадпараст - дуторнавози маъруфи Эрон дори фониро видоъ гуфт
(last modified Fri, 20 May 2022 16:33:37 GMT )
Май 20, 2022 21:33 Asia/Dushanbe
  • Усмони Муҳаммадпараст - дуторнавози маъруфи Эрон дори фониро видоъ гуфт

Раиси Идораи мероси фарҳангӣ, саноеъи дастӣ ва гардишгарии шаҳристони Хоф дар устони Хуросон Разавӣ гуфт, Усмони Муҳаммадпараст, устоди пешкисват ва дуторнавози маъруфи Эрон дар устони Хуросони Разавӣ дар синни 94 солагӣ дори фониро видоъ гуфт.

Маҳмуди Боақида дар ин бора афзуд, ин устоди шохиси мусиқии суннатии Эрон аз 10 солагӣ бо дуторнавозӣ унс дошт ва осори матраҳу маъруфи мухталифе шомили човушӣ ва сарҳадӣ аз худ ба ёдгор гузошта ва дар ҳамоишҳо ва ойинҳои мухталиф дар дохилу хориҷи кишвар ба иҷрои барнома пардохтааст.

Вай гуфт, номи марҳум Муҳаммадпараст ба унвони ганҷинаи зиндаи башарӣ дар заминаи мусиқии мақомӣ дар мероси фарҳангии номалмуси Эрон тайи санавоти гузашта ба сабт расид.

Усмони Муҳаммадпараст дар соли 1928 мелодӣ дар шаҳри Хофи устони Хуросони Разавӣ мутаваллид шуд. Вай ҳамчунин дорои фаъолиятҳои хайрхоҳона дар ҳавзаи мадрасасозӣ буд.

Маркази шаҳристони Хоф дар фосилаи 267 километрии ҷануби ғарбии Машҳад воқеъ аст.