Май 21, 2022 10:11 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии тими футболи навҷавонони Эрон дар мусобиқоти CAFA-2022

Тими футболи навҷавонони Эрон дар охирин дидори худ дар мусобиқоти CAFA-2022 бо пирӯзии пургол муқобили Тоҷикистон ба мақоми қаҳрамонӣ даст пайдо кард.

Тими футболи навҷавонони Эрон дар охирин бозии худ дар мусобиқоти футболи зери 16 ба масофи Тоҷикистон, мизбони ин рақобатҳо рафт ва дар шароите, ки барои касби қаҳрамонӣ ниёз ба задан ҳафт гол ба ҳарифи худ дошт, дар ниҳоят бо ба самар расондани ҳафт гол ва бидуни дарёфти гол ба мақоми қаҳрамонӣ расид.

Дар ин рақобатҳо тимҳои футболи зери 16 соли писарони Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон ҳузур доштанд.

Тими футболи навҷавонони Эрон бо тасовӣ муқобили Узбекистон ва 2 бурд муқобили Қирғизистону Афғонистон по ба дидори охир муқобили Тоҷикистон гузошта буд.

 

Барчасп