Сохти дастгоҳи эронӣ барои дармони анвоъи захмҳо
(last modified Sat, 21 May 2022 08:56:00 GMT )
Май 21, 2022 13:56 Asia/Dushanbe
  • Сохти дастгоҳи эронӣ барои дармони анвоъи захмҳо

Мудири ширкати донишбунёни эронӣ аз тавлиди дастгоҳи плазмаи сарди фишори атмосфераӣ барои тармими анвоъи захмҳои диобетӣ, музмин ва бистар хабар дод.

Ширкатҳои донишбунёни эронӣ тавонистаанд дар тавсеаи маҳсӯлоте, ки бархе аз онҳо қаблан воридотӣ будаанд, муваффақияти чашмгире дошта бошанд.

Бар асоси эъломи муовинати илмӣ ва фанноварии раёсатҷумҳурии Эрон, дар ҳашт соли гузашта, теъдоди ширкатҳои донишбунён ва стартопҳои эронӣ аз 50 ширкат ба наздик ба ҳафт ҳазор ширкат афзоиш ёфтааст.

Соро Фатҳуллоҳ, мудири ширкати донишбунёни эронӣ дар гуфтугӯ бо ИРНА гуфт, дастгоҳи плазмаи сарди фишори атмосфераӣ барои дармони анвоъи захмҳо шомили захмҳои диябетӣ, музмин ва бистар аст ва дар соли 2014 дар Эрон сабти ихтироъ шудааст.

Вай бо баёни инки плазма як илми шинохта шудааст ва дастгоҳҳои озмоишгоҳӣ ва таҳқиқотии он низ вуҷӯд дорад афзуд, фурӯши дастгоҳи плазмаи сарди фишори атмосфераӣ барои тармими анвоъи захмҳои диябетӣ, музмин ва бистар дар Эрон оғоз шудааст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, соли 1401-ро соли "тавлид, донишбунён ва иштиғолофарин" номгузорӣ карданд ва тавсеаи ширкатҳои донишбунёнро беҳтарин роҳ барои эҷоди машоғили ҷадид донистанд.