Ноябр 27, 2016 14:44 Asia/Dushanbe
  • Таслияти Кувейт ва Туркия ба давлат ва миллати Эрон

Вазорати умури хориҷаи Туркия ҳодисаи бархӯрди ду қатори мусофирбар дар устони Симанони Эронро ба давлат ва миллати Эрон таслият гуфт.

Ба гузориши ИРНА, Амири Кувейт низ бо ирсоли паёме ба риёсатҷумҳури Эрон ҳодисаи маргбори бархӯрди ду қатор дар устони Симанонро тасалият

гуфт.

Шайх ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ дар ин паём хитоб ба Ҳасани Рӯҳонӣ маротиби таслият ва таъзияти холисона ва ҳамдардии содиқонаи худро бо давлат ва миллати Эрон иброз дошт ва аз Худованд барои қурбониёни ин ҳодиса раҳмату мағфират ва барои маҷруҳон ва осебдидагони ин ҳодиса орзӯи шифои оҷил намуд.

Валиаҳд ва нахуствазири Кувет низ дар паёмҳои мушобеҳ ин ҳодисаи таассуфборро тасалият гуфтанд.

Вазорати умури хориҷаи Туркия низ шанбе шаб бо интишор баёнияе ин ҳодисаро ба бозмондагони қурбониён тасалият гуфт ва бо давлат ва миллати Эрон ибрози ҳамдардӣ кард.

Бар асари бархӯрди ду қатори мусофирбарӣ, рӯзи ҷумъа 25 ноябр дар устони Симанон дар маркази Эрон, 43 нафар кушта ва беш аз сад нафар маҷрӯҳ шуданд.

 

Барчасп