Таҳлил: Раҳбари инқилоб: Ҷумҳурии исломӣ дар баробари ҳамаи душманиҳо сина сипар кардааст
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар дидори Намояндагони Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон таъкид Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар дидори Намояндагони Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон таъкид карданд: Ҷумҳурии исломӣ дар баробари ҳамаи хусӯматҳо ва душманиҳо, сина сипар карда ва дар ҳоли пешрафт ва муваффақият аст.
Намояндагони Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон дар давраи ёздаҳум, субҳи чаҳоршанбе бо ҳузур дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ (раҳ) бо ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дидор карданд.
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар табйини далоили шароити хоси ҳоким бар дунё, гуфтанд: Рақобатҳои хасмонаи қудратҳо ва таҳдидҳои қудратҳои атомӣ алайҳи якдигар, таҳаррукот ва таҳдидҳои фазояндаи низомӣ ва ҷанг дар наздикии Аврупо ба унвони яке аз ҷангхезтарин манотиқи ҷаҳон, фарогирии камсобиқаи як беморӣ ва таҳдидҳои ғизоӣ дар сатҳи ҷаҳон, ҳама авомиле ҳастанд, ки шароити кунӯнии дунёро вижа кардаанд ва дар чунин шароите мудӣиияти кишварҳо, сахттар ва печидатар шудааст.
Эшон хотирнишон карданд: Эрон, илова бар шароите, ки бар ҳамаи кишварҳо ҳоким аст, ба далели ироаи улгӯе нав, ки иборат аз мардумсолории динӣ аст ва мӯҷиби бар ҳам хӯрдани ҷадвали танзимии низоми султа шудааст, бо қудратҳои ҷаҳонии даргири чолиши мустамар дар абъод мухталиф аст.
Ҳамон гуна ки раҳбари муаззами инқилоб ба он ишора кардаанд, пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон дар соли 1357 шамсӣ, на танҳо назми мавҷӯд дар низоми байналмилалии мубтанӣ бар пайравӣ аз қудратҳои шарқу ғарбро барҳам зад, балки ба далели баҳрамандӣ аз дини Ислом ва ироаи мардумсолории динӣ, улгӯе ҷадиду раҳоибахш барои соири кишварҳо, аз ҷумла милали исломӣ шуд; ба ҳамин далел, душмании низоми султа бо Эрон аз замони пирӯзии Инқилоби Исломӣ идома доштааст ва таҳмили ҳашт соли ҷанг ва ҳамчунин эъмоли таҳримҳои густардаи иқтисодӣ ва низомӣ, ки бо ҳадафи тазъифу ҷилавгирӣ аз пешрафтҳо ва қудрати рӯзафзӯни Эрони исломӣ анҷом шудааст, дар ҳамин чорчӯб қобили арзёбӣ аст.
Нигоҳе ба пешрафтҳои Эрон дар арсаҳои мухталифи санъатӣ, низомӣ ва илмӣ низ нишон медиҳад, ки аҳдофи инқилоби исломӣ дар масири саҳеҳ қарор дошта ва фишорҳои ҳамаҷонибаи душманон дар маҳори муаллафаҳои қудрати Ҷумҳурии исломӣ ноком мондааст.
Эрон пас аз инқилоби исломӣ тавонист дар масири коҳиши вобастагиҳо ҳаракат кунад ва акнӯн бархе шохисҳои иқтисодӣ ҳамчун афзоиши тавлиди нохолиси дохилӣ ва пешрафтҳои санъатӣ, ҳастаӣ, ҳаво-фазо ва илмӣ, ки ҳама дар шароити таҳримҳо ҳосил шудааст, нишондиҳандаи муваффақияти Эрони исломӣ дар идомаи роҳи муқовимат дар баробари истикбор ва душманон аст; ба унвони мисол, суръати пешрафти илмӣ дар Эрон бар асоси гузориши маҳофили илмии байналмилалӣ, 11 баробари суръати мутавассити рушди илм дар ҷаҳон аст, ба тавре, ки саҳми Эрон аз тавлиди илми дунё дар соли 1998 аз 0. 07 дарсад, ба 2 дарсад дар сол 2020 мерасад. Яъне саҳми Эрон аз тавлиди илми дунё нисбат ба ҷамъияти кишвар беш аз ду баробар шудааст.
Бадеҳист, ин пешрафту муваффақиятҳо ниёзманди идомаи мудирияти инқилобӣ ва ҷиҳодӣ аст, ки раҳбари муаззами инқилоб дар бораи он фармӯдаанд: Имрӯз майҳани азизмон, ташнаи хизмат ва омодаи ҳаракати ҷаҳишӣ дар ҳамаи арсаҳо ва ниёзманди мудирияти бокифоят, ҷиҳодӣ ва доно ва шуҷоъ аст, ки битавонад тавонмандиҳои ошкор ва наҳуфтаи миллат, бавижа ҷавононро, ки бисёр фаротар аз мушкилот аст, басиҷ карда ва ба майдони кору талошт созанда овард.
Ҳазрати Оятуллоҳи Хоманаӣ хотирнишон карданд: Намояндагони маҷлис, давлат ва қувваи қазоия ва дастгоҳҳои дигар ҳама бояд бидонанд, ки дар чӣ мудирияти бузургу муҳимме дахил ҳастанд ва ба таносуби ин ҷойгоҳ, муроқибат аз худро афзоиш диҳанд.
Бештар бихонед:
- Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар дидори намояндагони маҷлис: Дар масоили имрӯзи кишвар бо муҷоҳидат ва ихлос метавон пирӯз шуд ( такмилӣ )
- Генерал Саломӣ: Ҳар иқдоме аз сӯи душман бо посухи шадид мувоҷеҳ хоҳад шуд