Май 30, 2022 11:03 Asia/Dushanbe
  • Пайвандҳои деринаи фарҳангӣ, динӣ ва таърихӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон низ бастари муносиб барои тавсиа ва таъмиқи  муносибот ба вуҷӯд овардааст
    Пайвандҳои деринаи фарҳангӣ, динӣ ва таърихӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон низ бастари муносиб барои тавсиа ва таъмиқи муносибот ба вуҷӯд овардааст

Раиси Ҷумҳӯри Тоҷикистон асри якшанбе дар садри ҳайати олирутбаи сиёсӣ ва иқтисодӣ вориди Теҳрон шуд.

Вазирони хориҷа, энергӣ, иқтисодӣ ва тиҷорат, захоири обӣ, руасои кумитаҳои рушди ҷаҳонгардӣ ва ҳифзи муҳити зист ва додситони кулл, Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳӯри Тоҷикистон-ро дар ин сафар ҳамроҳи мекунанд.

Гуфтугӯи дуҷонибаи раисони ҷумҳӯри Эрон ва Тоҷикистон ва имзои чанд санади ҳамкори дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, илмӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ аз барномаҳои сафари дурӯзаи Эмомалӣ Раҳмон ба Теҳрон эълом шудааст.

Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳӯри Исломии Эрон, 1-уми май дар тамоси телефонии раиси Ҷумҳӯри Тоҷикистон, аз вай барои сафар ба Эрон даъват карда буд.

Дар ду соли ахир ҳамгароӣ дар равобити Эрон ва Тоҷикистон тақвият шудааст. Сафари раиси Ҷумҳӯри Эрон ба Тоҷикистон дар моҳи сентябри 2021,  фасли навине дар ҳакориҳои ҳамаҷонибаи Теҳрон ва Душанбе ба вуҷӯд овард ва дар ҷараёни ин сафар 8 санади ҳамкори дар ҳавзаҳои байни дукишвар ба имзо расид.

Идомаи нооромиҳо дар бархе аз манотиқи Ғарбӣ Осиё, хуруҷи Амрико аз минтақа  ва ҳамчунин ҷанги Украина, ниёз ба ҳамгароии кишварҳои минтақа барои муқобила бо таҳдидҳо ва ҳамчунин эҷоди фурсатҳои иқтисодиро афзоиш додааст. Давлати сездаҳуми Эрон низ бо таъкид бар авлавияти кишварҳои минтақа ва мусалмон ва афзоиши таъомулот ва муносиботи тиҷорӣ бо ин кишварҳо дар талош  барои коҳиши танишҳо ва ихтилофо ва ҳамчунин тақвияти ҳамгароӣ дар минтақа аст.

Мақомоти Эрон ва Тоҷикистон дар бораи равобити дуҷониба ва масоъили минтақаӣ дар иртиботи мустамир ҳастанд ва токунӯн  илова бар қарордодҳо ва тафоҳумномаҳои иқтисодӣ, ду қарордоди  амниятӣ низ имзо кардаанд. Дар сафари ахири Сарлашкар Алии Боқирӣ раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ба Тоҷикистон ҳам бо ҳадафи тавсиаи ҳамкориҳои муштараки дифоъӣ ва низомӣ, корхонаи тавлиди паҳподи эронии Абобили-2 дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ шуд.

Дукишвар дар чорчӯби созмонҳои минтақаӣ назир Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ( ЭКО) ва Созмони Ҳакории Шанхай низ ҳамкории хубе доранд ва аз мавозеъи якдигар дар ин созмонҳо пуштибонӣ мекунанд. Намунаи ахири он ҳимояти Тоҷикистон аз дархости пазириши узвияти Эрон дар Созмони ҳамкории шанхай аст,  ки мунҷар ба тасвиби ин дархост ва шурӯъи фарояндаи узвият дар ин Созмон дар бистуякумин иҷлоси Шӯрои сарони Шанхай дар  декабри соли 2021 дар шаҳри Душанбе шуд.

Тоҷикистон ба лиҳози иқтисодӣ, кишвари бо зарфият табдил шудан ба як шарики бузурги иқтисодии Эрон дар Осиёи Марказӣ аст, ки метавонад аз тариқи бандарҳои ҷанубӣ Эрон ба обҳои озод дастарсӣ дошта бошанд. Оморҳо низ ҳоки аз ҷаҳиши чашмгир дар муносиботи тиҷории дукишвар аст. Дар соли 1400 шамсӣ беш аз 139 ҳазор тонн колои ғайри нафтӣ ба арзиши 131 миллион доллар байни Эрон ва Тоҷикистон табодул шуд, ки нисбат ба солҳои қабл аз он рушди 489 дарсади дар вазн ва 463 дарсади дар арзишро нишон медиҳад.

Эрон ва Тоҷикистон дар пружаҳои нафт, садсозӣ, саноъеи ғизоӣ, фулизот ва гардишгарӣ низ зарфияти болое барои ҳамкори доранд ва ширкатҳои эронӣ дар тарҳҳои роҳбӯрдии  Тоҷикистон аз ҷумла пружаи сад ва нерӯгоҳи Барқи обии Роғун, тунели Истиқлол, иҷрои тасфия хонаи оби Душанбе ва  дар чандин пружаи дигар  дар Тоҷикистон ҳузури фаъол доштаанд.

Бадеҳи аст, сафарҳои расмии раисони ҷумҳӯр ва дигар мақомотии олирутбаи Эрон ва  Тоҷикистон дар солҳои ахир ва имзои даҳҳо санад дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва дифоъӣ ҳоки аз талоши ҷиддии тарафайн маҳсуб мешавад. Пайвандҳои деринаи фарҳангӣ, динӣ ва таърихӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон низ бастари муносиб барои тавсиа ва таъмиқи  муносибот ба вуҷӯд овардааст, ки бо сафари раиси Ҷумҳӯри Тоҷикистон ба Эрон метавон уфуқҳои васеътаре барои он эҷод шавад.

 

Бештар битхонед: 

 

 

 

 

Барчасп