Ноябр 27, 2016 20:53 Asia/Dushanbe
  • Баёноти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори фармондеҳони Нерӯи дарёии артиши Эрон

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ҳушдор ба Конгресси Амрико таъкид карданд: “Шурӯи дубораи таҳриме, ки замонаш тамом шуда, таҳрим ва нақз тааҳҳудот аст”.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи якшанбе ба муносибати солрӯзи Нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон (27 –уми ноябр), дар дидори фармондеҳон ва масъулони ин нерӯ, бо ишора ба музокироти ҳастаӣ ва тарҳи Конгресси Амрико, мабнӣ бар тамдиди таҳримҳо ва иддаои ин ки инҳо таҳрим нест, балки тамдид аст, хотирнишон карданд: “Шурӯъ кардани як таҳрим бо дубора шурӯъ кардани он пас аз поёни замонаш фарқ намекунад ва ин дувум низ таҳрим ва нақзи тааҳҳудоти қаблӣ аз сӯйи тарафи муқобил аст”.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин пешрафтҳо ва тавоноиҳои Нерӯи дарёии Эрон дар абъоди мухталифи нерӯи инсонӣ, фармондеҳӣ ва фанниро сутуданӣ ва қобили таваҷҷуҳ хонданд ва бо таъкид бар аҳамияти ба саранҷом расонидани барномаҳо ва истеҳкому парҳез аз шитобзадагӣ дар корҳо, хотирнишон карданд: “лозимаи бартараф кардани камбудиҳо, ҳимматбаланд ва таслим нашудан дар муқобили маҳдудиятҳо аст”.

Фармондеҳи муаззами кулли қувво, бо ишора ба аҳамияти санъати дарёнавардӣ дар пешрафти бархе кишварҳо афзуданд: “Эрон аз марзҳои васеи дарёӣ ва ҳамчунин собиқаи тӯлонӣ дар дарёнавардӣ бархурдор аст, бинобар ин қудрат ва тавоноии Нерӯи дарёии ҷумҳурии исломӣ бояд дар шаъну тарози низоми исломӣ ва таърихи ин кишвар бошад”.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин ҳузури қудратманди Нерӯи дарёии артиш дар обҳои озодро муҷиби афзоиши қудрат ва тавоноии Эрон хонданд ва гуфтанд, умқи ҳузур дар обҳои озод бояд афзоиш ёбад.

Пеш аз суханони Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, амири дарёдор Ҳабибуллоҳи Сайёр, фармондеҳи Нерӯи дарёии артиши ҷумҳурии исломӣ гузорише дар хусуси ҳузури муқтадирона ва мустамари Нерӯи дарёии артиши Эрон дар дарёҳои озод ироа кард.

Ҳафтуми озар ( 27-уми ноябр) солрӯзи ҳамосаофарини персонали новчаи мушакандози “Пайкон”, Рӯзи Нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон номгузорӣ шудааст.

 

Барчасп