Иттилоъияи ситоди марказии бузургдошти ҳазрати Имом Хумайнӣ(р) дар остонаи сивусеввумин солрӯзи иртиҳол
(last modified Tue, 31 May 2022 14:34:23 GMT )
Май 31, 2022 19:34 Asia/Dushanbe
  • Иттилоъияи ситоди марказии бузургдошти ҳазрати Имом Хумайнӣ(р) дар остонаи сивусеввумин солрӯзи иртиҳол
    Иттилоъияи ситоди марказии бузургдошти ҳазрати Имом Хумайнӣ(р) дар остонаи сивусеввумин солрӯзи иртиҳол

Ситоди марказии бузургдошти Имом Хумайнӣ(р) бо судури иттилоъияе эълом кард: Дар остонаи баргузории ойинҳои бузургдошти ҳазрати Имом Хумайнӣ(р) пеш аз ҳар замони дигар ниёз ба хониши дубораи андешаи динӣ ва сиёсӣ ва ормонҳои ахлоқӣ ва инсонии он бузургмарди Илоҳи аст.

Чордаҳуми хурдодмоҳи соли 1401 ҳиҷри шамсӣ мусодиф аст бо чоруми июни соли 2022 мелоди солрӯзи иртиҳоли ҳазрати Имом Хумайнӣ(р) бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Равобити умумии ситоди марказии бузургдошти Имом Хумайнӣ(р) бо судури баёнияе эълом кард: Ҳамонгунае, ки Имом Хумайнӣ(р) бо умқ андеши дар табйини моҳияти низомҳои истикбори ва султагаро пешбини карда буд имрӯз тазоди манофеъи қудратҳои бузург дар минтақаҳои аз ҷаҳон ва шуълавар шудани оташи ҷанг дар бахше аз Аврупо ва куштори инсонҳо ва оворагии миллионҳо тан ва афзоиши ранҷу гирифтории миллатҳо ташдид шуда аст.

Ин баёния меафзояд: Дар ховаримиёна навобаста ба он ки амният ва оромиши мардуми Сурия ва Ироқ ва Яман ва Афғонистон ва Лубнон бар асари паёмадҳои лашкаркашӣ ва дахолатҳои номашруъи Амрико ва ҳампаймонони ғарбӣ он салб гардида аст ва Фаластин ҳамчунон дар ишғоли саҳюнистҳо бо ҳимояти ошкори сарони Кохи Сафед ва давлатҳои ғарбӣ аст, аммо бедори ва муқовимати камназири миллатҳои мусалмон дар ин манотиқ ва интифозаи арабҳо ангезаи муҷоҳидони мазлуми фаластинӣ монеъ аз таҳаққуқи аҳдофи номашруъи давлатҳои мутаҷовизи истикбори ва режими саҳюнистӣ гардид ва роҳбурдҳои онҳоро дар ин манотиқ бо бунбастҳои ҷадид ва шикаст муваҷҷаҳ карда аст.

Дар идомаи ин баёния омада аст: Ин воқеъияти ғайри қобили инкор ва ифтихорангез аст, ки низоми Ҷумҳурии Исломи ва мардуми шарифи Эрон дар партави омӯзҳаои мактаби Имом Хумайнӣ(р) натанҳо дар ин ҳасостарин минтақаи буҳронии ҷаҳон дар чил соли гузашта аз киёни мавҷудият ва субот ва амнияти кишвари хеш дар баробари ҳашт сол ҷанги таҳмилӣ ва садҳо тавтеаи ноамнӣ ва барандози, бо тадбир ва иқтидор пирӯзмандона истода аст балки имрӯз ба унвони низоми муқтадир ва бо субот дар садри меҳвари муқовимат сармашқи миллатҳо ва давлатҳои дигар шуда аст.