Ноябр 28, 2016 17:04 Asia/Dushanbe
  • Маросими азодории 28 сафар дар саросари Эрони исломӣ

Маросими азодории солрӯзи реҳлати Паёмбари гиромии ислом ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва солрӯзи шаҳодати имом Ҳасани Муҷтабо (ъ) дар шаҳрҳои мухталифи Эрон, бо ҳузури густурдаи азодорон баргузор шуд.

Имрӯз, душанбе 28 сафари соли 1438 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 28 ноябри 2016 солрӯзи реҳлати Паёмбари гироми ислом (с) ва солрӯзи шаҳодати набераи он ҳазрат, имом Ҳасан Муҷтабо (ъ) аст.

Эрони исломӣ имрӯз саросар сиёҳпӯш аст ва мардуми муъмин ва дӯстдори аҳли байт исмат ва таҳорат (ъ) дар сӯги солрӯзи реҳлати Паёмбари гиромии ислом (с) ва шаҳодати ҳазрати имом Ҳасани Муҷтабо (ъ) азодорӣ мекунанд.

Ҳарам мутаҳҳари ҳазрати имом Ризо (ъ) дар Машҳад муқаддас ва ҳазрати Маъсума (с) дар Қум, дар ин рӯзҳо мамлув (моломол) аз азодорон буд.

Дар ҳамин ҳол, маросими сӯгвории солрӯзи реҳлати Паёмбари гиромии ислом (с) ва шаҳодати имом Ҳасани Муҷтабо (ъ) бо ҳузури Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва аъзои ҳайати давлат дар ниҳоди раёсатҷумҳурӣ баргузор шуд.

Паёмбари гироми ислом (с) то қабл аз реҳлатшон бо утуфат, аҳком ва мабонии шариати Набавиро ба шеваҳои писандида ва дар айни ҳол, матин ва маҳкам баён ва дар тарвиҷ ва нашри маорифи дини Илоҳӣ ва ҳидояти уммат ба беҳтарин наҳви мумкин талош карданд.

Ҳазрати имом Ҳасани Муҷтабо (ъ) фарзанди имом Алӣ ибни Абитолиб (ъ) ва ҳазрати Заҳро (с) буд, ки пас аз шаҳодати падари бузургавораш ҳидояти уммати ҷадашро бар ӯҳда гирифт ва 28 сафари соли панҷоҳи ҳиҷрии қамарӣ дар сини 47 солагӣ ба дастури Муовия ва ба дасти ҳамсараш масмум шуд ва ба шаҳодат расид.

 

Барчасп