Июн 02, 2022 18:03 Asia/Dushanbe
  • Воридот ба Хатлон метавонад барои устони Хуросони Разавӣ пурсӯд ва пурбаракат бошад
    Воридот ба Хатлон метавонад барои устони Хуросони Разавӣ пурсӯд ва пурбаракат бошад

Фаъол шудани сиёсатҳои минтақаии давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар аввалин шуълаҳои умедаш, дарвозаҳои тиҷорӣ ва дипломасиро ба Хуросони Разавӣ гушӯд.

Иртибототи муассири устонӣ бо вилояти Хатлони кишвари Тоҷикистон мӯҷиб шуд то Хуросони Разавӣ дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури ин кишвар ба Эрон, муваффақ ба сабти қарордоди ҳамкории чандҷониба ва тафоҳумномаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва гардишгарӣ шавад.

Ҳузури Яъқубалии Назарӣ, мудири аршади давлат дар устони Хуросони Разавӣ аз оғози нишастҳо ва тадовуми раванди музокирот, дар маросими истиқболи расмӣ ва муорифаи аъзои ҳайати давлат, музокироти муштараки мақомоти ду кишвар, маросими имзои аснод, мусоҳибаи матбуотӣ ва зиёфати ноҳори расмӣ ба мизбонии раёсати муҳтарами ҷумҳӯр, нишонгари барномарезӣ ва фаъолияти муассири устондор барои дастёбӣ ба аҳдофи иқтисодии муштараки ду кишвар ва иртиқои сатҳи равобити дипломатии Хуросони Разавӣ аст.

Таҳримҳои золимонаи шайтони бузург бар иқтисод ва манофеи миллии Эрони исломӣ монанди соири устонҳо, бар Хуросони Разавӣ низ соя афканда ва душманону маонидони инқилоб, хостори инзивои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ба табаи он, Хуросони Разавӣ ҳастанд.

Тафоҳумномаи  Хуросони Разавӣ ва вилояти Хатлон, илова бар инки баракоти иқтисодӣ ва иҷтимоии шоёни таваҷҷӯҳеро барои устони Хуросони Разавӣ ба армағон хоҳад овард, ба афзоиши таҳаррук ва фаъолияти сиёсии минтақаии кишвар, низ хоҳад афзуд.

Хатлон дорои манобеи муҳими обӣ ва барқи обӣ ҳамчун рӯдхонаи Вахш, сад ва нерӯгоҳи Норак, сад ва нерӯгоҳи Сарбанд, сад ва нерӯгоҳи Сангтӯда ва канали шоҳроҳи Вахш аст ва аз сӯи дигар кишоварзӣ ва тавлидоти маҳсӯлоти муҳимме монанди пхата дар он вилоят равнақ дорад. Пахтае, ки дар ин вилоят кишт ва бардошт мешавад аз навъи мавсӯм ба "мисрӣ"аст.

Хатлони Тоҷикистон ба далели доштани шароити муносиби обу ҳавоӣ ва хоки маҳсӯлхез танҳо минтақа дар Шуравии собиқ буд, ки дар он панбаи мисрӣ парвариш дода мешавад. Нахи коркард шуда аз панбаи мисрӣ афзӯн бар корбурд дар санъати пӯшок, дар бахши низомӣ бавижа чатрҳои халабонон низ корбурд дорад ва аз ин лиҳоз мунҳасир ба фард аст.

Воридот ба Хатлон метавонад барои устони Хуросони Разавӣ пурсӯд бошад ва аз тарафи дигар равнақи гардишгарӣ ва вуруди гардишгарони тоҷик ва бавижа хатлониҳо, иқтисоди устонро шукӯфо хоҳад кард.

Алоқаи тоҷикҳо ба Паёмбар (с) ва авлоди поки эшон, имом Ризо (а) ва шоиро ва орифоне чун, Фирдавсӣ, Хайём, Аттор, Муҳаммади Ғаззолӣ бояд дар ин росто маддиназар қарор гирад.

Марокизи илмӣ ва таҳқиқотӣ ва донишгоҳии ду кишвар низ заминаи пешрафтҳои зербиноӣ ва пажӯҳиширо барои кишварҳои минтақа тадорук хоҳанд дид то бар тавони пойдор барои тавсеаи ду кишвар ва бавижаи устонҳои тарафайни ин тафоҳумнома биафзояд. Дар ин замина ҳамкории китобхонаи устони Қудси Разавӣ ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон метавонад муассир воқеъ шавад.

Бидуни тардид имзои тафоҳумномаи Хуросони Разавӣ ва Хатлон дар оянда яке аз нуқоти атфи тавсеа, пешрафт ва рифоҳи мардуми минтақа талаққӣ хоҳад шуд. Ҳамин гӯна ниёз аст, Хуросони Разавӣ барномаи ҳамкорӣ бо дигари вилоятҳои Тоҷикистони имрӯз ( ва Эрони бостон) бавижа вилояти Суғдро, ки зодгоҳи бузургони адабӣ чун Рӯдакӣ ва Камоли Хуҷандӣ буда ва аз лиҳози иқтисодӣ низ дорои имконоти мумтоз аст, дошта бошад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп