Июн 06, 2022 12:19 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар пайи даргузашти ҳуҷҷатулислом Сайид Маҳмуди Доъӣ

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар паёме даргузашт муборизи қадимӣ ва ёри дерини имоми бузургвор ҳуҷҷатулислом Сайид Маҳмуди Доъиро таслият гуфтанд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, матни паёми Раҳбари инқилоби исломӣ ба ин шарҳ аст:

 

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим

Даргузашт муборизи қадимӣ ва ёри дерини имоми бузургвор ҷаноби ҳуҷҷатулислом оқои Сайид Маҳмуди Доъӣ раҳимаҳуллоҳи алайҳро ба хонадони гиромӣ, бавижа ҳамсару фарзандони мукаррам ва низ маҷмуаи бузурги дӯстдорону ҳамкорони эшон таслият арз мекунам. Эшон бархӯрдор аз сифоти неку писандидае буданд: сафову саломати нафс, фурӯтанӣ ва содазистӣ, покдастӣ ва қаноат, иродати амиқу росих ба имоми бузургвору инқилоб ва пойдориву вафо дар дӯстиву рафоқат. Гузаштаи эшон дар Ироқу Эрон дар даврони муборизот ҳам фасли дигаре аст, ки муҷиби раҳмату мағфирати илоҳӣ аст, иншоаллоҳ. Аз Худованди мутаол тафзилоташро барои он марҳум масъалат мекунам.

 

Сайид Алии Хоманаӣ, 16 хурдоди 1401.