Июн 06, 2022 17:04 Asia/Dushanbe
  • Қатъи шудани дастуруламалҳои беҳдоштии маросими Арбаъин
    Қатъи шудани дастуруламалҳои беҳдоштии маросими Арбаъин

Вазири беҳдошту дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз қатъи шудани дастуруламалҳои беҳдоштии маросими Арбаъин хабар дод.

20 сафар соли 1444 ҳиҷри қамарӣ баробар бо 17 сентябри соли 2022, арбаъинӣ шаҳодати ҳазрати Имом Ҳусайн(а) ва ёрони бовафоияш дар саҳрои Карбало аст ва зоирон дар ин рӯз барои ҳузур дар маросими Ҳусайнӣ(а) вориди шаҳри Карбало дар ҷануби Ироқ мешаванд, теъдоди зиёди аз мусалмонон ва пайравони динҳои Илоҳии дигар дар солҳои гузашта аз чанд рӯз монда ба арбаъинӣ шаҳодати ҳазрати Имом Ҳусайн(а) бо пиёдарави аз шаҳри Наҷаф ва ҳамчунин дигар шаҳрҳои Ироқ худро ба марқади мутаҳҳари Имом Ҳусайн(а) дар Карбалои муало мерасонанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Баҳроми Айнуллоҳӣ пас аз бозгашт аз сафари ба Ироқ, ки бо ҳадафи кушода шудани масири зоирони арбаъинӣ Ҳусайнӣ(а) пас аз се сол вақфа бар асари густариши вируси корона анҷом шуд, афзуд: Дар дидор бо мақомоти Ироқ тадбирҳои беҳдошти дар назар гирифта шуд барои осонии сафари зоирони арбаъинӣ Ҳусайнӣ(а) ниҳоӣ шуд.

Айнуллоҳӣ таъкид кард: Ҳамзамон шудани маросими Арбаъини имсол бо фасли Тобистон ва гармзадагии зоирон аз масоиле аст, ки Вазорати беҳдошт бар он тамаркуз дорад ба тарзе, ки пешбиниҳои лозим дар ин заминаро дошта ва хадамоти рифоҳӣ ва беҳдоштии мутаносиб бо гармии ҳаворо ироа кард то аз гармозадагии зоирон пешгири шавад.

Вазири беҳдошту дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон дар дидор бо раиси ҷумҳурӣ, нахуствазир ва вазирони беҳдошту саноати Ироқ бар тақвияти ҳамкориҳои беҳдоштӣ ва дармонии ду кишвар таъкид кард.

Вазири беҳдошти Эрон ҳамчунин таъкид дар сабти доруҳои сохти Эрон дар Ироқ, густариши гардишгарии саломат ва ироаи хадамоти дармонӣ ба беморони ироқӣ дар Эрон, табодули устод ва донишҷу, фаъолсозии тавофуқномаҳои қаблии ду кишвар, ҳамкори дар ҳавзаи беҳдошт ва муқобила бо бемориҳо, эҷоди бозори муштараки маҳсулоти саломатмеҳвар ва аз байн бурдани монеъҳо ва тавсеаи ҳамкориҳо дар умури гумрук ва судури муҷавизҳоро хостор шуд.

 

Барчасп