Июн 08, 2022 12:23 Asia/Dushanbe
  • Насрпур: Ба воситаи дастрасии мардум ба технологиҳои иртиботӣ инҳисори тавлиди паём шикаста шудааст
    Насрпур: Ба воситаи дастрасии мардум ба технологиҳои иртиботӣ инҳисори тавлиди паём шикаста шудааст

Мудири кули Садо ва Симои Хуросони Разавӣ гуфт, ҷашнвораи “Зиёрат” бояд масъули гуфтумонсозиро ба уҳда гирад ва дар барномаи барномасозони секулор муҳтавои расонаии муносибро тавлид кунад.

Муҳсини Насрпур дар ихтитомияи тавлидоти радиоии радиои “Зиёрат” гуфт: “Ихтитомияи ин ҷашнвора чанд сол ба далели густариши корона ба таъхир афтод то ин ки имсол ҳамзамон бо ҷасорати анкабутсифатон ба ҳарими Разавӣ тавонистем ихтитомияи ҷашнвораи радиои “Зиёрат”-ро баргузор кунем, дар солҳои густариши корона остонҳои муқаддаси ҳарами аимма иҷоза надоданд “Зиёрат” дар ин муддат ба инзиво биравад.

Мудири кулли Садо ва Симои Хуросони Разавӣ гуфт, ба воситаи дастрасии мардум ба технологиҳои иртиботӣ инҳисори тавлиди паём шикаста шудааст.

Насрпур гуфт: Акнун мардум метавонанд бо тавваҷуҳ ба навъи нигаришу тафаккури худ муҳтавои мунҳасир ба фарди худро тавлид ва тавзеъ кунанд, барои ҳамин бояд ба мафҳуми “Зиёрат” дар фазои маҷозӣ тавваҷуҳ шавад.

Ӯ гуфт: Ин ҷашнвора саъй кардааст ҷузви он даста аз ҷашнвораҳое бошад, ки «мардуму тавлидоти мардумӣ» аз аркони аслии он буда, ба гунае, ки метавон осори тавлидиашонро дар чархаи доварӣ ва чӣ басо ҳоизи рутбаву ҷоиза шудан низ мушоҳида кунанд. Ин рӯйкарди тоза, яъне ҳамнишинӣ ва ҳамафзоии «ҳирфаиҳо» ва «таҷрибиҳо» дар бахшҳои мухталифи як ҷашнвора рӯйкарди мубораке аст, ки на танҳо ба густариши майдони интишори паёмҳои меҳварии ин ҳаракат, яъне «фарҳанги зиёрат» мунҷар хоҳад шуд, балки бо ҳимоят аз мардумисозии тавлидоти динӣ, бар зариби таъмиқу нуфузи ғояи он паёмҳо дар афкори умумӣ низ таъсире шигарф хоҳад гузошт.

Устондори Хуросони Разавӣ низ гуфт, мардум бояд битавонанд аз тариқи абзори расонаӣ иртиботи мустамар бо имом Ризоро дошта бошанд.

Яъқубалии Назарӣ гуфт: Зиёрат бояд дар батни зиндагии мардум маъно дошта бошад ва ҳамон тавр, ки зиндагии маъмули худро доранд, аз тариқи абзори расона битавонанд иртиботи мустамар бо имом Ризо дошта бошанд.

Ӯ гуфт, дар воқеъ мо бояд битавонем мавзуи зиёратро аз роҳи дуру наздик барои мардум ниҳодина кунем.

 

Бештар бихонед: