Тавофуқи Эрону Русия барои арзишгузории коло
(last modified Mon, 13 Jun 2022 04:13:15 GMT )
Июн 13, 2022 09:13 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Эрону Русия барои арзишгузории коло

Раиси кулли гумруки Эрон аз тавофуқ бо Русия барои эъломи муназзами арзиши пояи 25 қалам колои содиротӣ аз Эрон ба гумруки Русия хабар дод.

Дар сафари Алиризо Муқаддасӣ, раиси кулли гумруки Эрон ба Маскав ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Хадамоти федерали гумруки Русия бо гумруки Ҷумҳурии исломии Эрон имзо шуд.

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни хадамоти федерали гумруки Русия бо гумруки Ҷумҳурии исломии Эрон дар заминаи омӯзишу тарбияти неруҳои ҳирфаӣ, тафоҳумномаи таомул байни гумруки ду кишвар дар бораи мубориза бо тахаллуфоти гумрукӣ то соли 2025 мелодӣ ва низ пешнависи мувофиқатномаи шиносоии фаъолони муҷози иқтисодӣ ба манзури истифода аз гузаргоҳи сабзи гумрукӣ аз ҷумлаи тафоҳумномаҳои имзошуда байни гумруки Эрону Русия буд.

Алиризо Муқаддасӣ, раиси кулли гумруки Эрон дар дуюмин ва охирин рӯз аз сафари худ ба Русия дар ҷамъи туҷҷору фаъолони иқтисодии эронӣ гуфт, бо тавваҷуҳ ба ин ки дағдағаи аслии фаъолони иқтисодӣ мавзуи арзишгузории коло аст, бо гумруки Русия тавофуқ шуд арзиши пояи 25 навъ молу маҳсулоти содиротӣ, ки бештарин ҳаҷмро дар содироти коло ба ин кишвар доранд, ба сурати муназзам ба гумрук эълом шавад ва арзишгузории коло бар асоси он сурат пазирад.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Фуруди Аскарӣ, муовини умури гумрукии гумруки Эрон ҳам дар ин нишаст бо ишора ба сабукиҳое, ки барои фаъолони иқтисодии муҷоз дар ҳавзаи содирот дар назар гирифта шудааст, аз фаъолони иқтисодии муқими Русия хост, аз тариқи вебсайти гумрук сабти ном кунанд то пас аз баррасиҳои лозим ба гумруки Русия муаррифӣ шаванд.