Июн 14, 2022 12:18 Asia/Dushanbe
  • Амрико беш аз бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ҳуқуқи башарро нақз мекунад
    Амрико беш аз бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ҳуқуқи башарро нақз мекунад

27-уми июн то севвуми июл (6 то 12 тирмоҳ) дар Эрон ба унвони ҳафтаи бозхони ва ифшои ҳуқуқи башари амрикоӣ номгузори шудааст, ҳафтаи ҳуқуқи башари амрикоӣ ёдовари ҷиноёти мустақим ё бо воситаи Амрико дар ҳаққи эрониён аст.

Ваҳиди Ҷалолзода раиси Камисиюни миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон рӯзи душанбе дар саввумин ҷаласаи ситод " Ҳафтаи бозхонӣ ва ифшои ҳуқуқи башари амрикоӣ ва бузургдошти шуҳадои ҳафтуми тир" изҳор дошт: Иёлоти Муттаҳида бо сиёсати ҳуқуқи башарии амрикоӣ ба даҳҳо миллион нафар хисорат ворид кардааст.

Ҷалолзода бо ишора ба қонуни ҷанг алайҳи террори Амрико гуфт: Наздик ба 85 миллион мардуми дунё аз ин қонуни Амрико хисорат диданд,ки миллионҳо нафар дар Афғонистон овора шуданд.

Ин дар ҳоле аст, ки Амрико, ки муддаъии мубориза бо терроризм дар сатҳи ҷаҳон аст, бо пуштибони аз гурӯҳаки мунофиқин ва ҳатто хориҷ кардани он аз листи созмонҳои террористӣ, амалан ба ин гурӯҳак барои тадовуми ҷиноёташ алайҳи мардуми Эрон чароғи сабз додааст.

Изҳороти ин мақоми аршади парлумони Эрон дар бораи ҳуқуқи башари амрикоӣ бо таваҷҷӯҳ ба воқеъиятҳои ғайри қобиле инкор дар ин замина баён шудааст. Алирағми шиъорҳои  матрӯҳа аз ҷониби давлати Амрико дар замнаи риояти ҳуқуқи башар  ва ҳифозат аз ҳуқуқи озодиҳои фардӣ, иҷтимоъӣ ва ҳуқуқи шаҳванди дар ин кишвар, амалкарди давлати Амрико дар заминаи масоили мухталифе монанди бархӯрдҳои хашин ва ғайри инсонӣ ва табъизомез бо бумиён, ақалиятҳо ва сиёҳпӯстон, бархурдҳои ғайри инсонӣ бо паноҳҷӯён аз ҷумла ҷудо кардани фаразандон аз волидайнҳо, хушунати беҳадду марзӣ полиси Амрико бо рангинпӯстон, вазъияти зиндониён, таҷовуз ба ҳарими хусӯси ва бисёр мавориди дигар нишондиҳандаи иддаоҳои дурӯғини Вашингтон дар заминаи дифоъ аз ҳуқуқи башар аст.

Бо бурузи ҳамагирии вируси Короно ақалиятҳои  нажодӣ ва қавмӣ беш аз пеш садама дидаанд. Ҷавомеъи сиёҳпӯстон, лотин ва бумиёни Амрико ба таври номутаносибе тавассути ҳамагирии Короно осеб дидаанд.

Раиси камисиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии маҷлиси Эрон бо ишора ба мавориди нақзи ҳуқуқи башар тавассути Амрико мегӯяд: Ҷамъияти Амрико панҷ дарсади ҷамъияти кулли дунё аст, аммо 25 дарсад зиндониҳои дунё дар зиндонҳои ин кишвар ҳастанд. Хушунат ва зулм алайҳи лотинтаборҳо, занон, сиёҳпӯстҳо ва ғайра рӯзона ба сурат мегирад аммо Амрико худашро бо ранг ва луоб ба унвони ҳофиз ва мавозеъи ҳуқуқи башар муаррифи мекунад.

Аз тарафи дигар Вашингтон корномаи сиёҳ дар хориҷ аз Амрико бо амалиёти низомӣ ва ҳамалоти ҷиноятҳои ҷанги дар бисёре аз  кишварҳо монанди Ветнам, Афғонистон, Ироқ ва Сурия ва эҷоди зиндониҳои бадном монанди зиндони  Гавонтоному ва бархӯрдҳои зиддӣ инсонӣ ва шиканҷаи муттаҳамон дорад, ки нишонгари иддаоҳои дурӯғини  Амрико дар заминаи тарафдори аз ҳуқуқи башар аст.

Ин дар ҳоле аст, ки Иёлоти Муттаҳида ба унвони сардамдори Ғарб ва муддаъии дифоъ аз озоди ва ҳуқуқи инсонӣ дар қоматии  полиси ҷаҳонӣ ҳар сол гузориши муфасал дар бораи вазъияти ҳуқуқи башар дар дигар кишварҳо мунташир карда ва ба вижа кишварҳои рақиб ва душмани амрикоро ба ин баҳона ҳадафи ҳамалоти таблиғотӣ ва сиёсӣ қарор диҳад. Дар ҳоле, ки Амрико бузургтарин ноқизи ҳуқиқи башар дар ҷаҳон аст.

Ондроник Мигрониё коршиноси сиёсии Русия мегӯяд: Амрико беш аз бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ҳуқуқи башарро нақз мекунад.

Пурсише ба зеҳн меояд ин аст, ки Амрико чӣ имтиёзи хосе барои худ қоил аст, ки худро ба истилоҳ тофтаи ҷудо бофта талқи карда ва иҷозаи ҳеҷ навъ изҳори назареро ба дигарон дар бораи вазъияти ҳуқуқи башари ин кишвар намедиҳад?

Ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ монанди Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Миллал токунӯн  дар гузоришҳое ба маворидди мутаъддиди нақзи ҳуқуқи башар тавассути Амрико алайҳи Эрон ба вижа монанди эъмоли таҳримҳои густарда алайҳи Эрон ба вижа дар давраи ҳамагирии вируси Короно ва мамонеъат аз дастрасии мардуми Эрон ба имконот ва таҷҳизоти пизишкӣ ва дорӯӣ ишора карда ва ин масъаларо маҳкум кардаанд.

Ҷалолзода дар ин замина гуфт: Гузорши " Алено Дуҳон" гузоришгари вижаи Созмони Миллал дар мавриди таъсири манфии иқдомоти якҷонибаи қаҳромез бар баҳрамандӣ аз ҳуқуқи башар таъид мекунад, ки нарасидани дорӯ ба мавқеъ ба беморони эронӣ ва талаф шудани ин азизон аз ҷумлаи мавориди ҳуқуқи башар тавассути таҳримҳои Амрико дар Эрон будааст.

Бештар бихонед:

                                                       

 

 

Барчасп