Июн 15, 2022 09:01 Asia/Dushanbe
  • Равобити Эрону Покистон рӯ ба иртиқо аст

Вазири умури хориҷаи Эрон равобити амиқи Эрону Покистонро ба унвони ду кишвари бузургу муассири ҷаҳони Ислом, ҳамвора умедбахшу рӯ ба пеш унвон кард.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён сешанбешаб дар твитте дар бораи сафари Биловал Бҳутта зардорӣ, вазири хориҷаи Покистон навишт: Имрӯз дар Теҳрон мизбони бародари азизам, вазири хориҷаи Покистон будам.

Амирабдуллоҳиён таъкид кард: Равобити амиқ байни ду кишвари бузургу муассири ҷаҳони Ислом - Эрону Покистон ҳамвора умедбахшу рӯ ба пеш будааст.

Вай хотирнишон кард: Дар бораи муносиботи сиёсиву амниятӣ, гардишгарӣ, тиҷорат, вуруди зоирон, Афғонистон ва рафъи таҳримҳо ройзаниҳои муҳиме доштем.

Биловал Бҳутта Зардорӣ ба даъвати Ҳусайни Аамирабдуллоҳиён дар сафаре 2 рӯза вориди Теҳрон шуд.

Ин аввалин сафари як мақоми олирутбаи Покистон ба Эрон дар давлати ҷадиди он кишвар аст.