Июн 16, 2022 13:07 Asia/Dushanbe
  • Эрон бо ишора ба таъкиди руасои ду давлат барои тақвияти ҳамкориҳо, дидорҳои сафарӣ ва ҳайати ҳамроҳ дар Ҳиндро бисёр хуб арзёбӣ кард
    Эрон бо ишора ба таъкиди руасои ду давлат барои тақвияти ҳамкориҳо, дидорҳои сафарӣ ва ҳайати ҳамроҳ дар Ҳиндро бисёр хуб арзёбӣ кард

Муовини дипламатии иқтисодии Вазорати умури хориҷаи Эрон дар сафар ба Ҳинд. мавонеъ ва чолишҳои мавҷӯд дар ҳамкориҳори иқтисодӣ, роҳкорҳои тавсиаи равобит ва заминаҳои ҳамкори байни дукишвар ва ширкатҳои бахши хусӯсиро арзёби кард.

Ба гузориши Садои Хуросон, Маҳдии Сафарӣ дар ин сафари ду рӯза бо бархе вузаро, муовинон ва масъулони дастгоҳҳои муҳими иқтисодии Ҳинд ва низ ширкатҳои фаъол дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, фановарӣ, тробарӣ, санъатӣ ва энергӣ дидор ва гуфтугӯ кард.

Мулоқотҳои умумии муовинони вазирони хориҷаи Эрон ва Ҳинд ва ҳайати ҳамроҳ дар ибтидои сафар барои тарҳи мавзӯъот ва мушкилот ва баррасии роҳкорҳои рафъи онҳо ва тавсиаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, ҳамчунин дар поёни сафар ба манзури ҷамъбандии натоиҷи ҳосила ва тарсими нақша роҳи равобит аз муҳимтарин бахшҳо ва барномаҳои ин сафар буд.

Дому Ровӣ муовини иқтисодии вазири хориҷаи Ҳинд дар дидор бо Маҳдии Сафарӣ муовини дипламатии иқтисодии Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ишора ба таъкиди руасои ду давлат барои тақвияти ҳамкориҳо, дидорҳои сафарӣ ва ҳайати ҳамроҳ дар Ҳиндро бисёр хуб арзёбӣ кард.

Ровӣ бо таъкид бар ҳамкориҳои транзетӣ ва зарфиятҳои фаровон дар ин арса изҳор дошт: Қодир ҳастам бо тадоввуми ҳамкориҳо ва ройзаниҳо, мушкилоти мавҷӯдро бартараф карда ва тиҷорати дукишварро ба шакли шоёни таваҷҷӯҳе иртиқо бахшем.

Сафарӣ низ зимни қадрдонӣ аз меҳмоннавозии тарафи ҳиндӣ, ба гуфтугӯҳои созанда ва мусбати дутарафа дар заминаи ҳамлу нақл ва ҳамкорҳои бандарӣ, молӣ ва кишоварзӣ ишора кард ва бо даъвати мутақобил аз ҳамтои ҳиндӣ барои сафар ба Эрон, ибрози умудворӣ кард то қабл аз анҷоми ин сафар, шоҳиди таҳақуқи зарфиятҳои ҳамкори ва ба самар расидани музокироти дутараф тайи дидорҳо ва табодулоти тиҷории ҳайатҳо бошем.