Июн 17, 2022 18:18 Asia/Dushanbe
  • Рушди 40 дарсадии санъати гардишгарии Эрон

Шӯрои ҷаҳонии сафару гардишгарӣ аз рушди 40 дарсадии санъати гардишгарии Эрон дар соли 2021 хабар дод.

Шӯрои ҷаҳонии сафару гардишгарии World Travel &и Tourism Council аз рушди 21. 7 дарсадии санъати гардишгарии ҷаҳон дар соли 2021 хабар додааст.

Дар соли 2020 ва дар асари маҳдудиятҳои коронаӣ ин санъат бо рушди манфии 50. 4 дарсадӣ мувоҷеҳ шуда буд ва 4900 миллиард доллар аз арзиши ин санъат коста шуда буд. Аммо дар соли 2021 ва бо коҳиши маҳдудиятҳои коронаӣ 1000 миллиард доллар аз тариқи гардишгарӣ оиди иқтисодҳои ҷаҳон шудааст.

Бар асоси ин гузориш, дар ҳоле ки тайи соли 2020 санъати гардишгарии Эрон бо рушди манфии 45 дарсадӣ мувоҷеҳ шуда буд ва арзиши он ба 144 ҳазор миллиард тумон коҳиш ёфта буд, дар соли 2021 ин санъат дар Эрон рушди мусбати 40 дарсадиро таҷриба кард ва арзиши он ба 202 ҳазор миллиард тумон афзоиш ёфт.

Саҳми гардишгарӣ аз кулли иқтисоди Эрон дар соли 2020 беш аз 3. 1 дарсад буда, ки ин рақам дар соли 2021 ба 4. 1 дарсад афзоиш ёфтааст.

Оморҳо нишон медиҳад, гардишгарони хориҷӣ 2. 5 миллиард доллар дар Эрон тайи соли 2021 ҳазина кардаанд, ки ин рақам нисбат ба соли қабл аз он 31. 3 дарсад рушд доштааст. Дар соли 2020 кулли ҳазинаи гардишгарони хориҷӣ дар Эрон бо уфти 81. 6 дарсадӣ мувоҷеҳ шуда ва ба 1. 9 миллиард доллар расида буд.

Аз гардишгарони хориҷӣ, ки тайи соли 2021 вориди Эрон шудаанд, беш аз ҳама ироқӣ будаанд. Ба иборати дигар, 34 дарсади гардишгарони хориҷии вурудӣ ба Эрон дар ин сол ироқӣ будаанд.

Дар ҳоле, ки Туркия яке аз мақосиди муҳими гардишгарии эрониён аст, дар соли 2021 туркҳо низ иқболи хубе ба Эрон доштаву гардишгарони туркияӣ  пас аз Ироқ дар рутбаи дувуми гардишгарони хориҷии вурудӣ ба Эрон қарор доштаанд. Аз кулли гардишгарони хориҷии вурудӣ ба Эрон дар соли 2021 беш аз 15 дарсади онҳо туркияӣ будаанд. Дар соли пеш аз он саҳми гардишгарони туркияӣ аз кулли гардишгарони вурудӣ ба Эрон 9 дарсад буд.

Гардишгарони покистонӣ бо 10 дарсад, ҷумҳурии Озарбойҷон бо 9 дарсад ва Кувайт бо 2 дарсад ба тартиб дар рутбаҳои сеюм то панҷум аз ин назар қарор доштаанд. Соири кишварҳо саҳми 29 дарсадӣ аз кулли гардишгарони вурудӣ ба Эрон дар соли 2021 доштаанд.

 

Барчасп