Июн 18, 2022 13:52 Asia/Dushanbe
  • Медали нуқраи Аҳмади Куҳанӣ дар гимнастикаи қаҳрамонии Осиё

Миллипӯши гимнастикаи Эрон, ба медоли нуқраи қаҳрамонии Осиё дар раддаи севасила расид.

Мусобиқоти гимнастикаи қаҳрамонии Осиё, аз рӯзи чаҳоршанбеи гузашта шурӯ шуд ва то имрӯз (шанбе) идома хоҳад дошт.

Дар рӯзи нахусти ин рақобатҳо ва дар даври гурӯҳии мусобиқоти севасила, Меҳдӣ Аҳмади Куҳанӣ ва Саъидризо Кайхо бо касби имтиёзоти лозим муваффақ ба ҳузур дар финоли ин мусобиқот шуданд.

Аҳмади куҳанӣ дар финоли ин мусобиқот бо касби 433 / 14 имтиёз ба унвони ноибқаҳрамонӣ расид, аммо Саъидризо Кайхо натавонист унвонии беҳтар аз ҳафтумиро аз они худ кунад.

Медали нуқраи куҳанӣ, сеюмин медоли гимнастики Эрон дар қораи куҳан башумор меравад.

Пеш аз вай Саъидризои Кайхо ва худи Меҳдӣ Аҳмади Куҳанӣ , ба 2 медоли нуқраи дигар расида буданд.

Рақобатҳои гимнастики севасила дар дори ҳалқа, харак ва ҳаракоти заминӣ, баргузор шуд.

Аҳмади Куҳанӣ ҳамчунин дар мусобиқоти шашвасила давоздаҳум шуд ва ба саҳмияи ҷаҳонии ин бахш низ расид.

 

Барчасп