Посухи қотеъонаи Ҷумҳурии исломӣ ба дастандозии душман бар киштиҳои эронӣ
(last modified Tue, 21 Jun 2022 04:36:20 GMT )
Июн 21, 2022 09:36 Asia/Dushanbe
  • Посухи қотеъонаи Ҷумҳурии исломӣ ба дастандозии душман бар киштиҳои эронӣ

Фармондеҳи нирӯи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо ишора ба мусодираи ду киштии юнонӣ гуфт, дастандозии душманон бар киштиҳои Эрон дар кӯтоҳтарин замон бо посухи қотеъи Ҷумҳурии исломӣ ҳамроҳ буд.

Юнон моҳи майи 2022 як киштӣ бо парчами Эронро тавқиф кард.

Нирӯи дарёи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, низ дар вокуниш ба иқдоми давлати Юнон дар таваққуфи киштии Эрон, 2 адад нафткаши юнониро ба далели тахаллуфоти анҷом гирифта дар обҳои нилгуни Халиҷи Форс тавқиф кард.

Сардори дарёдор Алиризо Тангсерӣ, фармондеҳи нирӯи дарёии сипоҳи посдорон афзуд, дар интиқоли киштиҳои юнонӣ ба обҳои Бандар- Аббос, новҳои амрикоӣ ба муқобила бо Эрон бархестанд, аммо бо ихтори Ҷумҳурии исломӣ ақибнишастад ва рафтанд.

Вай таъкид кард, ба баракати хуни шуҳадои муқовимат, руъбу ваҳшат дар дили душманон афтодааст.