Афғонистон мавзӯи ҳаққобаи Ҳирмандро ҳал кунад
(last modified Sat, 25 Jun 2022 07:42:59 GMT )
Июн 25, 2022 12:42 Asia/Dushanbe
  • Афғонистон мавзӯи ҳаққобаи Ҳирмандро ҳал кунад

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умӯри хориҷаи Эрон шомгоҳи ҷумъа дар гуфтугӯи телефонӣ бо Амирхон Муттақеӣ, сарпарасти вазорати хориҷаи Толибон, хостори ҳамкории ҷиддии ҳайати ҳокимаи сарпарастии Афғонистон барои ҳалли масаълаи ҳаққобаи Эрон аз Ҳирманд шуд.

Амирабдуллоҳиён дар ин гуфтугу зимни эъломи маротиби ҳамдардии давлату мардуми Эрон бо зилзилазадагони зилзилаи ахир дар Хуст ва Пактико таъкид кард, ҳайати ҳокимаи сарпарастии Афғонистон дар амал ба тааҳҳудоти дуҷонибаи худ мутобиқи қарордодҳои лозимулиҷрои фимобайн дар ҳавзаи ҳаққобаи Эрону обҳои марзӣ, ҳамкории лозиму ҷаддеро дошта бошад ва бо ҳали ин масаъла, онро ба омиле барои тақвияти ҳамкорӣ ва дӯстӣ байни ду кишвар ва миллат мубаддил кунад.

Вай дар ин гуфтугӯ ҳамчунин ибрози умедворӣ кард, ки бо ҳамкории Эрону Афғонистон раванди муқобила бо ҷароими созмонёфта ва падидаҳои шуми қочоқи маводи мухаддир ва инсону мубориза бо терроризм муртафаъ шавад.

Муттақӣ низ зимни қадрдонӣ аз паёмҳои таслияту ибрози ҳамдардии мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳамчунин ирсоли ба мавқеи кумакҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон барои зилзилазадагон ва истиқболу қадрдонии мардуми Афғонистон аз вусӯли ин кумакҳо, изҳор дошт, дар шароити кунӯнӣ фароҳам кардани сарпаноҳ барои зилзилазадагон бисёр муҳим аст.

Вай зимни қадрдонии муҷаддад аз ироаи хадамоти густарда ба мардуми ин кишвар дар шароити сахту душвори кунӯнӣ, бар иҳтимоми ин кишвар барои тавсеа ва густариши равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард.