Июн 25, 2022 20:17 Asia/Dushanbe
  • Содироти 9.5 миллиард долларии Эрон ба Ироқ
    Содироти 9.5 миллиард долларии Эрон ба Ироқ

Муъовини вазири санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон аз содироти 9.5 миллиард долларии Эрон ба Ироқ хабар дод.

Густариши равобити Эрон ва Ироқ дар солҳои ахир ба далелҳои иштирокоти фаровони фарҳангӣ, сиёсӣ, мазҳабӣ ҳамеша дар дастури кори ду кишвар қарор дорад ва гомҳои ҷадид низ бо вуҷуди ҳамаи мушкилот бардошта шуда аст.

Ба гузориши ИРНА, Алиризо Паймонпок, муъовини вазири санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон имруз шанбе аз содироти 9.5 миллиард доллари ба Ироқ дар соли гузашта хабар дод, ки 1.5 миллиард доллар беш аз соли 1399 буд.

Паймонпок афзуд: Акнун фаъолтарин ройзани бозаргонии Эрон дар Ироқ мустақар шуда аст, ки шабакаи маҳаллии густардае дар Басра, Наҷаф, Иқлими Курдистон ва Карбало эҷод карда аст.

Муъовини вазири санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон гуфт: Чанд макарзи тиҷорати дар шаҳрҳои мухталиф ва муҳими Ироқ эҷод шуда аст ва бештарин ҳаҷми намоишгоҳҳро дар чанд соли ахир дар Ироқ доштаем.

Паймонпок хотирниншон кард: Содир шудани хадамоти фанни муҳандисӣ дар солҳои ахир рушд дошт, ки бештарин мизони он дар Ироқ буда аст.

 

Барчасп