Июн 26, 2022 17:21 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон аз афзоиши рушди тиҷорат бо Тоҷикистон хабар дод.
    Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон аз афзоиши рушди тиҷорат бо Тоҷикистон хабар дод.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Дар сафаре, ки ба Тоҷикистон доштем рушди тиҷоратии мо бо ин кишвар афзоиш дошта аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайид Иброҳими Раисӣ дар шашумин гуфтугӯи телевизионии худ бо мардум пас аз раёсат бар қуваи муҷрияи Эрон дар бораи таъомулоти Эрон бо ҳамсоягон гуфт: Сиёсати таъомул бо ҳамсоягон авлавияти мо аст бо 18 кишвар қарордод дорем, ки 2.5 миллиард доллар хадамоти фанни ва муҳандиси ба онҳо содир кунем.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Эрон мизи музокироти лағви таҳримҳоро тарк намекунад.

Вай дар бораи сафари масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ба Теҳрон бо баёни ин ки Эрон қасди таътилии музокираро надорад, аммо аз мавозеъи худ ақибнишини намекунад, гуфт: Сиёсати мо рафъи таҳримҳо аст ва ин таҳримҳо зудтар бояд рафъ шавад зеро зеолимона аст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар ин ки тарафи муқобил бояд ба таъаҳудоти худ бозгардад афзуд: Илова бар масири музокирот, масири хунсосози таҳримҳоро низ дунбол мекунем.

Раисӣ қатънома зидди Эрон дар Шӯрои ҳукком ва дар ҷараёни музокироти лағви таҳримҳоро иқдоми нодуруст хонд ва гуфт: Ожонси байналмиллалии энержи атомӣ понздаҳ бор таъид карда буд, ки инҳирофи дар фаъолияти ҳастаӣ Эрон вуҷуд надорад.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дар бораи даромадҳои нефтии давлати Эрон низ гуфт: Дар ҳоли ҳозир вазъияти фуруши нефт муносиб аст ва барои бозгардондани арзи ҳосил аз содироти нефти ва ғайри нефти талош мекунем.

Раисӣ гуфт: Дарҳои сармоягузори дар Эрон боз аст ва аз 5 то 20 миллиард доллар барои сармоягузори тафоҳум шуда аст.

 

Барчасп