Июн 30, 2022 15:09 Asia/Dushanbe
  • Душман Сипоҳои посдоронро нуқтаи шаклгирии ҳамаи шикастҳои худ медонад
    Душман Сипоҳои посдоронро нуқтаи шаклгирии ҳамаи шикастҳои худ медонад

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо ишора ба пирӯзиҳои пай дар пай ин ниҳоди инқилоби дар набарди бо душманон гуфт: Душман Сипоҳи посдоронро нуқтаи шаклгирии ҳамаи шикастҳои худ медонад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, генерал Ҳусейни Саломӣ нокомсозии ирода ва нақшаҳои душман аз ҷумла гузар аз таҳримҳои иқтисодӣ, инзивобахшии сиёсӣ, ҷанги иттилоъотӣ, ҷанги равонӣ, тарси низомӣ ва масоили аз ин дастаро аз ҷумлаи нақшофаринии Сипоҳ дар канори дигар қувваҳои низоми унвон кард.

Генерал Саломӣ дар ҳам шикасти ирода ва иқтидори душман дар тавақуфи киштӣ "STENA IMPERO" Англис, аз байн бурдани паҳподи мутаҷовизи роҳбурдии ҷосусии Амрико, дастгирии туфангдорони амрикоӣ, ҳамлаи мушакӣ ба пойгоҳи амрикоӣ Айнулссад ва бархе иқдомоти дигарро аз нақшофариниҳои ғурурангези Сипоҳ дар баробари душман тавсиф кард.

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон бо баёни ин ки набарди иттилоъотӣ, мустамиратарин, воқеъитарин ва наздиктарин ҷанге аст, ки Эрон соҳо аст дар он қарор дорад, гуфт: Душман Сипоҳро нуқтаи шаклгирии ҳамаи шикастҳо ва имтидоди иродаи низом барои дар ҳам шикастани худ медонад ва бар ҳамин асос аст, ки рӯи ин ниҳоди қудратманд ва мардумӣ мутамаркиз шуда аст.

 

Барчасп