Июл 01, 2022 21:03 Asia/Dushanbe
  • Касби нахустин медали таърихи сегонаи Эрон дар қаҳрамонии Осиё

Намояндагони сегонаи Эрон дар мусобиқоти триатлони қаҳрамонии соли 2022 –и Осиё дар Қазоқистон, ба медали бронз даст ёфт.

Ин нахустин медали таърихи Эрон дар ин ришта аст.

Мусобиқоти триатлони қаҳрамонии 2022 Осиё рӯзи ҷумъа дар шаҳри Буробойи кишвари Қазоқистон баргузор ва Сайидпорсо Маҳҷуб, миллипӯши Эрон лаҳзае таърихиро барои варзиши кишвар рақам зад ва муваффақ шуд то зимни касби мақоми сеюми ин мусобиқот, барои аввалин бор Эронро соҳиби медал дар таърихи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар ин ришта кунад.

Маҳҷуб барои касби ин медали таърихӣ ва арзишманд бо варзишкорони шохису унвондори қораи Осиё ҳамчун Аён Басинбоев, қаҳрамони Осиё ва нойибқаҳрамони бозиҳои осиёӣ ба рақобат пардохт ва бо амалкарди фавқулода, муваффақ шуд то бо пушти сари гузоштани Мирлан Искаков, нафари сеюми қаҳрамонии умедҳои триатлони Осиё ба медали бронзи мусобиқоти триатлони қаҳрамонии Осиё даст пайдо кунад.

Аён Басинбоев ва Темирлан Темиров, варзишкорони кишвари мизбон муваффақ ба касби мақоми аввалу дувуми ин рақобатҳо шуданд.

 

 

Барчасп