Сию чаҳор соли сӯги пар кашидани инсонҳо бар фарози осмони халиҷи Форс
Якшанбе-дувоздаҳуми тири 1401 ҳиҷрии шамсӣ баробар бо сеюми июли 2022 милодӣ-солрӯзи ҳамлаи мушакии киштии амрикоии Винсенс ба ҳавопаймои мусофирбарии Эрон аст, ки аз Бандар- Аббос ( ҷануби Эрон ) ба мақсади Дубай дар ҳоли парвоз буд .
34 сол пеш дар чунин рӯзе ( сеюми июли 1988 ) бар асари шиллеки мӯшаки киштии ҷангииВинсеннес ба ҳавопаймои мусофирбарии Эрон ҳамаи 290 мусофири он аз ҷумла 66 кӯдак ва 53 зан шаҳид шуданд . Пас аз суқӯти ин ҳавопаймо мақомоти Амрико барои тавҷеҳи ин ҷинояти нобахшуданӣ далоили зидду нақизе унвон карданд ва кушиданд ин иқдоми хасмонаро як иштибоҳ вонамуд кунанд, аммо бо тавваҷуҳ ба муҷаҳҳаз будани киштии ҷангии Винсеннес ба пешрафтатарин системаҳои радарӣ ва роёнаоӣ ва ҳамчунин мушаххас бӯдани навъи ҳавопаймои дар ҳоли парвоз ,мусаллам шуд ки эҳтимоли иштибоҳ вуҷуд надошта ва ин иқдом комилан хасмона будааст . Имрӯз хонаводаҳои қурбониёни ин ҳамла ва масъӯлон бо гулборони маҳали шаҳодати 290 шаҳиди ҳавопаймои мусофирбарӣ дар обҳои халиҷи Форс, ёди қурбониёни ин ҷинояти зидибашариро гиромӣ медоранд .