Амнияти пойдор дар минтақа ҳоким аст
(last modified Sun, 03 Jul 2022 11:16:55 GMT )
Июл 03, 2022 16:16 Asia/Dushanbe
  • Амнияти пойдор дар минтақа ҳоким аст
    Амнияти пойдор дар минтақа ҳоким аст

Раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Дар натиҷаи талоши нерӯҳои мусаллаҳ, марзбонӣ ва нерӯи интизомӣ ва Сипоҳи посдорон амнияти пойдори дар минтақа ҳоким аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, генерал Муҳаммд Боқирӣ дар Санандаҷ маркази устони Курдистон, ғарби Эрон афзуд: Вазъияти амният ҳам дар Курдистон ва ҳам марзҳои он фавқулода матлуб аст ва баъзе вақтҳо шароратҳои бисёр пароканда вуҷуд дорад, ки нерӯҳои мусаллаҳ ҳам марзбонии интизомӣ, ҳам Сипоҳи посдорон ва ҳам артиш аз замину ҳаво машғули фаъолият ҳастанд.

Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи якшанбе вориди устони Курдистон шуд ва мавриди истиқболи намояндаи вали фақиҳ дар устон, устондори Курдистон, фармондеҳони низомӣ ва интизомии устон қарор гирифт.

Аз ҷумла барномаҳои сафари 2 рӯзаи генерал Боқирӣ ба Курдистон дидору мулоқот бо нерӯҳои мусаллаҳ, баррасии майдонии амнияти марзҳо ва фаъолиятҳои нерӯҳои мусаллаҳ аст.

Устони Курдисон аз шимол ба устони Озарбойҷони ғарбӣ ва қисмати аз Занҷон аз ҷануб ба Кирмоншоҳ ва аз шарқ ба Ҳамадон ва аз ғарб ба кишвари Ироқ ҳамсоя аст.